Дар ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристон муҳокимаҳои ҷамъиятӣ баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар/. Дар ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристони вилояти Суғд дар доираи татбиқи лоиҳаи «Ҳамгироии масъалаҳои мутобиқшавии тағйирёбии иқлим ба барномаҳои рушди ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристони вилояти Суғд», ки аз ҷониби Хазинаи глобалии экологӣ маблағгузорӣ мешавад, муҳокимаи ҷамъиятӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Ташкилоти ҷамъиятии «Хазинаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ» иттилоъ доданд.
Муҳокимаҳои оммавӣ оид ба баррасии лоиҳаи «Нақшаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристон» бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хазинаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристон бо иштироки васеи сохторҳои дахлдори мақомоти маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО, фаъолон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор доир гардиданд.
Ҳадаф аз гузаронидани чорабинии мазкур- муайян кардани афзалиятнокии лоиҳаҳои нав марбут ба масъалаҳои мутобиқшавии иқлим ва ворид кардани онҳо ба нақшаи амалиёти барномаи рушди ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристон барои солҳои 2021-2025 мебошад.
АКС: ТҶ «Хазинаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ»








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






