Дар ноҳияи Дӯстӣ 30 нафар омӯзгор соҳиби Сертификати замини наздиҳавлигӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Дӯстӣ зимни баргузории ҳамоиш ба ифтихори Рӯзи омӯзгор ба 30 нафар муаллимони ҷавон Сертификати замини наздиҳавлигӣ тақдим карда шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Дар ҳамоиш раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони соҳаи маориф ва омӯзгорон иштирок намуданд.
Бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидани омӯзгорони ҷавон яке аз бандҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» мебошад, ки ҳамасола зина ба зина дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон амалӣ карда мешавад.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шаҳноза Маҳмасаидзода иброз намуд, ки ин 30 нафар омӯзгороне ҳастанд, ки воқеан ба замин эҳтиёҷ дошта, аксарияти онҳо бо таълиму тарбияи шогирдон дар ҷомеа муваффақ гардидаанд.
АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






