Дар ноҳияи Дӯстӣ 30 нафар омӯзгор соҳиби Сертификати замини наздиҳавлигӣ гардиданд

Октябрь 3, 2022 16:28

ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Дӯстӣ зимни баргузории ҳамоиш ба ифтихори Рӯзи омӯзгор ба 30 нафар муаллимони  ҷавон Сертификати замини наздиҳавлигӣ тақдим карда шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон.

Дар ҳамоиш  раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони соҳаи маориф ва  омӯзгорон иштирок намуданд.

Бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидани омӯзгорони ҷавон яке аз бандҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» мебошад, ки ҳамасола зина ба зина дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон амалӣ карда мешавад.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шаҳноза Маҳмасаидзода иброз намуд, ки ин 30 нафар омӯзгороне ҳастанд, ки воқеан ба замин эҳтиёҷ дошта, аксарияти онҳо бо таълиму тарбияи шогирдон дар ҷомеа муваффақ гардидаанд.

АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Октябрь 3, 2022 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид