Дар Шуғнон бунёди ҳавзҳои моҳипарварӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 09.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шуғнон бо ҷараёни корҳои сохтмонии ҳавзҳои моҳипарварӣ дар деҳаи Сохчарви Ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонов шинос шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон.
Ҳавзҳои моҳипарварӣ аз ҷониби хоҷагии деҳқонии Нозигул Элназарова роҳандозӣ гардида, дар корҳои сохтмонии ҳавзи моҳипарварӣ техникаи калонҳаҷм ва сӯзишворӣ аз тарафи Раиси вилоят ба хоҷагӣ кумак карда шудааст.
Ҳамзамон пас аз мавриди истифода қарор гирифтани ҳавзҳо бо дастгирии Раиси вилоят ба хоҷагӣ ба миқдори 3000 дона моҳичаҳои ба шароити минтақа мутобиқ сар дода мешаванд.
Ҳамаи ин тадбирҳо аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ, ба хотири пешрафти ин соҳаи сердаромад, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба даст овардани даромади софи иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум амалӣ мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ Алишер Мирзонабот ба иқдоми роҳбари хоҷагӣ Нозигул Элназарова барои обод кардани гӯшаи диёр ва мусоидат ба рушди соҳаи моҳипарварӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва амалисозии ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ изҳори сипос кард.
Ёдовар мешавем, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даҳҳо кӯлу ҳавзҳои сунъӣ ва рӯдхонаву обанборҳо мавҷуданд, ки барои ташкил ва рушди соҳаи моҳидорӣ заминаи хуб мебошанд. Дар ҳавзҳои сунъӣ зағорамоҳӣ, сазан, амури сафед, дар кӯлҳои табиӣ османмоҳӣ, ширмоҳӣ ва гулмоҳӣ парвариш меёбанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






