ДАР ТЕҲРОН ҶАЛАСАИ XVIII МАҶМАИ УМУМИИ OANA ДОИР МЕШАВАД. Дар он Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» иштирок менамояд

Октябрь 24, 2022 15:30

ДУШАНБЕ, 24.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Теҳрон ҷаласаи 18-уми Маҷмаи умумии Созмони агентиҳои иттилоотии Осиё ва Уқёнуси Ором (OANA) оғоз гардид. Тавре хабарнигори мо аз пойтахти Эрон иттилоъ медиҳад, дар он Директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ ширкат дорад.

Ҷаласаи OANA таҳти шиори «Хатарҳои нав барои журналистика: навовариҳои технологӣ ва масъалаҳои эътимод» мегузарад.

Ҷаласаро директори Агентии иттилоотии Ҷумҳурии Исломӣ (IRNA) Алӣ Нодирӣ ва Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Меҳдии Исмоилӣ ифтитоҳ намуданд.

Агентии IRNA, ки дар нишасти 17-уми Маҷмаи Умумӣ дар Сеул ба мақоми президенти ОАNА пешбарӣ гардид, шурӯъ аз соли равон ба муддати се сол идораи ин созмонро ба уҳда мегирад. Эрон пеш аз ин ҳам аз соли 1997 то 2000 раёсати ин ниҳодро бар уҳда дошт.

Дар айни замон ба ин созмон 44 агентии иттилоотии 35 давлати Осиё ва Уқёнусия дохил мешаванд, ки дар онҳо аз се ду ҳиссаи аҳолии кураи Замин зиндагӣ мекунанд.

OANA соли 1961 бо мақсади мусоидат ба иртибот ва ҳамкорӣ дар соҳаи ахбор, воситаҳои ахбори омма ва иттилоот, инчунин ташкили мувозинат дар ҷараёни якҷонибаи иттилоот таъсис ёфтааст.

АКС: АИ «Меҳр» (Эрон)

Октябрь 24, 2022 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид