Дар Вазорати адлия оид ба нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ҳамоиш доир шуд

Октябрь 31, 2022 09:41

ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар Вазорати адлияи мамлакат бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар мавзӯи «Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ» ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур.

Дар ҳамоиш Вазири адлия Музаффар Ашуриён вобаста ба муҳтаво ва нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.

Ӯ иброз дошт, ки маҳз ба туфайли қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ низоми нави давлатдории тоҷикон бунёд шуда,  заминаҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуданд.

Таъкид гардид, ки ризоияти  миллӣ, сулҳу ваҳдат ва ягонагие, ки имрӯзҳо мардуми тоҷик ба он мушарраф гардидаанд, бо шарофати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ муяссар гардидааст.

Сипас, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Иззатулло Маҳмудов дар мавзӯи «Аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории миллӣ» ва Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода дар мавзӯи «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — асоси инкишофи қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол» маърӯза карданд.

АКС: Вазорати адлияи ҶТ

Октябрь 31, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид