Дар вилояти Хатлон пахтакорони фаъолро қадрдонӣ карданд

Октябрь 12, 2022 09:39

 ДУШАНБЕ, 12.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Левакант, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти «Бустонқалъа»-и ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати деҳоти «Якатут»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант, Ҷамоати деҳоти «Панҷоб»-и ноҳияи Мир Саид Алии  Ҳамадонӣ ва Ҷамоати деҳоти «Хуттан»-и ноҳияи Фархор барои  иҷрои саривақтии дурнамои истеҳсоли пахта бо мукофотҳои пулӣ  сарфароз гардиданд. Мукофотҳоро ба фаъолон Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва  муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар фарҷоми ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон давоми 9 моҳи соли равон, ки 11 октябр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир гардид, супурданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласа таҳти раёсати Раиси вилояти Қурбон Ҳакимзода баргузор шуда, дар он муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, як қатор раисони кумитаҳои назди ҳукумати ҷумҳурӣ, муовинони раиси вилоят, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва минтақавӣ, раисони шаҳру навоҳии вилоят, раисони ҷамоату шаҳраку деҳот ва қисман роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори шаҳру ноҳияҳои вилоят  иштирок  намуданд.


Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки дар соҳаи иқтисодиёти вилояти Хатлон  нишондиҳандаҳои асосӣ таъмин гардида, нишондиҳандаҳои кутоҳмудати рушди минтақавии вилоят ба 23,3 миллиард сомонӣ расидаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 7,7 фоиз афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ 29, 4 фоизи ҳиссаи ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Таъкид шуд, ки бобати иҷрои нақшаи андозҳо тадбирҳо андешида шуд. Нақшаи андоз бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1 миллиарду 518,9 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба  нақшаи тасдиқгардида 36,3 милллион сомонӣ зиёд аст.

Гуфта шуд, ки дар вилоят соҳибкорӣ рушд ёфта, ба ҳолати  1  октябри соли 2022 шумораи соҳибкорон ба 107 ҳазору 998 нафар расида, дар маҷмуъ теъдоди  онҳо  нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 579 нафар афзоиш ёфтааст.

Зимни ҷаласа ҳамчунин зикр гардид, ки дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ мулоқоти Президенти мамлакат 22 феврали соли равон  бо фаъолони вилоят ва дастуру супоришҳои баёндошта  ба тақвиятёбии нишондиҳандаҳо ва рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар маҷмуъ дар қаламрави вилоят бо маблағи беш аз 1,5 миллиард доллори амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардида, 1,4 миллиард доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.

Акс: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Октябрь 12, 2022 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид