ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Артиши миллӣ-мактабе, ки дарси садоқату вафо, ватандӯстӣ, шарафмандию ҷавонмардӣ меомӯзад

Октябрь 3, 2022 09:55

НОРАК, 03.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар назди Қасри фарҳанги шаҳри Норак маросими ботантанаи гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак.

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад, зеро ҳар ҷавоне, ки ба ин мактаби ҳаёт қадам мегузорад, ҳатман аз дарси садоқату вафодорӣ, ватандӯстӣ, шарафмандӣ, ҷавонмардию ҷоннисорӣ баҳравар мегардад.

Раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода даъватшавандагонро ба ин муносибат табрик гуфта, иброз намуд, ки «Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад. Ташкил ва таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқӯъ пайваст».

Зимни маросими гусел зикр шуд, ки «имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам қудрату тавоноӣ, маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти бештар дорад. Мояи ифтихормандист, ки ҳоло  мамлакати мо тамоми ҳудуди сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд».

Дар қисми фарҳангии маросими гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо сурудҳои ватандӯстона манзури иштирокчиён гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Октябрь 3, 2022 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад