ДИДАНИ ТАҒЙИРЁБИИ ОБУ ИҚЛИМ ДАҲШАТНОК АСТ. Давандаи австралиягӣ Мина Гулӣ аз пайомадҳои манфии он изҳори нигаронӣ намуд

Октябрь 23, 2022 11:37

ДУШАНБЕ, 23.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Давандаи машҳури австралиягӣ Мина Гулӣ, ки тасмим гирифтааст бахшида ба Конфронси оби СММ-2023 200 дав анҷом диҳад, дар саҳифаи фейсбукиаш чунин навиштааст: «Пиряхҳо назар ба он ки мо фикр мекунем, тезтар об мешаванд. Тағйирёбии иқлим тағйирёбии об аст ва дидани он даҳшатнок аст. Мо бояд аз ҳоло оид ба тағйирёбии иқлим тадбир андешем ва вақтро беҳуда сарф накунем».

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба саҳифаи фейсбукии давандаи австралиягӣ Мина Гулӣ https://fb.watch/gfwh1_uy3C/, ки дар доираи баргузории Конфронси оби СММ – 2023 бо дастаи худ #RunBlue (#ДавиКабуд) марафони дав анҷом дода истодааст, иттилоъ медиҳад.

Мина Гулӣ ҳамчунин навиштааст, ки «ба наздикӣ дастаи #RunBlue аз пиряхи Мойрӣ ва кулбае дар кӯҳҳои Алпҳои Швейтсария дидан кард. Тобистони гузашта ҳарорат чунон баланд будааст, ки пиряхҳо 6 фоизи яхи худро аз даст додаанд. Ин ҳолат солҳои гузашта ба назар намерасид».

Ба иттилои Мина Гулӣ, агар раванди тағйирёбии иқлим чунин идома ёбад, мо пиряхҳои кӯҳиро аз даст медиҳем. Ин дар ҳолест, ки олимон пешгӯӣ мекунанд пиряхи Мойрӣ то соли 2070 комилан аз байн меравад.

«Аз байн рафтани пиряхҳо ба инфрасохтори обии минтақа таъсири бебозгашт мерасонад, зеро дар маҳаллаҳои аҳолинишин об намерасад ва барои идомаи тавлиди неруи барқ ​​об нокифоя хоҳад буд», — навиштааст Мина Гулӣ.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 марти соли 2021 зимни суханронӣ дар нахустин ҷаласаи онлайнии Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муайян карда шавад.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пиряхҳо- манбаи асосии оби тоза мебошанд. Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар одамон таҳдид мекунад.«Агар солҳои шастуми асри гузашта ҳаҷми об ба ҳар сари аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ дар як сол беш аз ҳашт ҳазор метри мукаабро ташкил медод, имрӯз ин рақам беш аз 4 маротиба кам шуда, дар як сол каме бештар аз ду ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Мутаассифона, обшавии пиряхҳо дар Арктика ва Антарктика боиси болоравии сатҳи баҳри ҷаҳонӣ шудааст. Ин, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар дар рӯи Замин, бахусус дар ҷазираҳои хурд ва манотиқи соҳилӣ таҳдид кунад», — афзуданд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ин масъалаи муҳими рӯзмарра бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус раҳбарони сиёсӣ бошад.

«Дар ин замина ҳамчунин мехоҳам пешниҳоди Тоҷикистонро дар бораи таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ёдовар шавам, ки метавонад захираҳои молиявиро аз сарчашмаҳои гуногун барои қабули иқдоми зарурӣ ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф сафарбар намояд»,-таъкид намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бори аввал соли 2009 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Конфронси байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Копенгаген зарурати таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро пешниҳод карда буданд.

Бояд зикр кард, ки дар Тоҷикистон 6 дарсади қаламрави кишварро пиряхҳо ишғол менамоянд. Маҳз онҳо қариб тамоми Осиёи Марказиро бо оби тоза таъмин мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки яке аз ҳадафҳои асосии давҳои Мина Гулӣ, ки дар тамоми ҷаҳон доир мегарданд, тарғибу ташвиқи масоили об, гузаронидани суҳбат бо тарафҳои ҳавасманд ва огоҳӣ пайдо кардан аз мушкилоти онҳо мебошад. Зеро дар раванди Конфронси оби СММ — 2023 овози онҳо низ расонида мешавад.

Манижа БАҲРОМЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз саҳифаи фейсбукии Мина Гулӣ

Октябрь 23, 2022 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд
Дар Тошканд Форуми тиҷоратии фармасевтии Узбекистону Тоҷикистон доир шуд
«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кай ва барои чӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?
Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии AMEE 2026 иштирок доранд