Директори Кумитаи байналмилалии Делфӣ Владимир Понявин ба Душанбе омад

Октябрь 12, 2022 09:29

ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз директори Кумитаи байналмилалии Делфӣ Владимир Понявин ба Душанбе омад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зикр шуд, ки то омадани ҳайати асосии Бозиҳо бо Директори Кумитаи байналмилалии Делфӣ корҳои бисёре ба анҷом расонида мешаванд.

Ба Тоҷикистон барои ҳунарнамоӣ дар ҳамаи номинаҳо аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 320 нафар ташриф меоранд. Аз мамлакати мо дар ин Бозиҳо 160 нафар ҳунарнамоӣ мекунанд.

«Тоҷикистон ҳамчун кишвари мизбон имтиёз дорад. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 нафар фарҳангшиносон ва санъаткорони варзида дар ҳайати ҳакамон дар даҳ номина иштирок мекунанд, ки се нафарашон раиси номинаҳо мебошанд: Артисти халқии СССР Зебо Аминзода (номинаи «Рақси мардумӣ»), овозхони маъруф Фурқат Саидзода (номинаи «Сарояндаи мардумӣ») ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев (номинаи «Сарояндаи опера»)»,- гуфт муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».Гуфта шуд, ки дар рӯзҳои баргузории Бозиҳои Делфӣ 55 нафар иштирокчиёни конфронс, аъзои ҳакамон ва меҳмонон аз ҳисоби ҳайатҳо ба Тоҷикистон меоянд.  Дар маҷмӯъ, дар ҳамоиши байналмилалӣ 500 нафар иштирокчиёни аз 10 то 25-сола ва профессорони кишварҳои ИДМ ширкат меварзанд.

«Иштирокчиёни ин ҳамоиши байналмилалӣ аз ҳамдигар таҷриба омӯхта, инчунин бо маданият ва расму оинҳои бойи тоҷикон шинос мешаванд. Бозиҳои Делфӣ ба ҷашни фарҳанги муттаҳидкунандаи мардум табдил хоҳанд ёфт», — гуфт Манучеҳр Шарифзода.

Мавсуф зикр намуд, ки барои ҳамаи меҳмонон ва иштирокчиёни Бозиҳои Делфӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ ташкил гардидааст.

16-17 октябр иштирокчиёни Бозиҳо ва ҳайатҳои эҷодӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан менамоянд. Барои меҳмонон ва иштирокчиён дар “Боғи Ирам”-и шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ доир мегардад. Дар назар аст, ки меҳмонон ҳамчунин аз яке аз ёдгориҳои қадимии кишвари мо — Қалъаи Ҳисор дидан намоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 12, 2022 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт