Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва ЭСКАТО мавриди баррасӣ қарор гирифт

Октябрь 8, 2022 09:44

 ДУШАНБЕ, 08.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Ҷумҳурии Индонезия ва Шоҳигарии Таиланд, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) Ардашер Қодирӣ бо муовини Дабири кулли СММ, дабири иҷроияи ЭСКАТО Армида Салсиа 5 октябр дар Бангкок мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва ЭСКАТО мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳарду ҷониб аҳаммияти густариши ҳамкориро таъкид намуда, доир ба имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳо барои рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 23 майи соли 2022  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 78-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО), ки ба таври маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кишварҳои аъзои ЭСКАТО-ро ба муносибати 75-солагии таъсисёбии он табрику таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз мавзӯи ҳамоиши имрӯза таҳти унвони «Рӯзномаи умумӣ барои мусоидат ба рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором» истиқбол менамояд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсири буҳрони бемории ҳамагири КОВИД-19 ба иқтисоди кишварҳо, талошҳои муштарак ҷиҳати мубориза бар зидди беморӣ, коҳиш додани паҳншавии он ва идомаи пайомадҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар миқёси ҷаҳон андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки бо саъю кӯшиши муштарак мо тавонистем таҳдидҳои дар натиҷаи паҳншавии КОВИД-19 зуҳуркардаро то андозае коҳиш диҳем.

Имрӯзҳо ба шарофати тадбирҳои саривақтии зиддибуҳроние, ки аз ҷониби ҳукумат ҷиҳати ҷилавгирӣ аз таъсири ҳамагирӣ ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар амалӣ карда шуданд, тамоюли эҳёи иқтисод пас аз бемории КОВИД-19 мушоҳида мегардад. Ҳамин тариқ, дар соли 2021 рушди иқтисодӣ дар кишвар 9,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 4,7 фоиз зиёд мебошад.

Ба андешаи Президенти мамлакат, афзоиши талаботи истеъмолӣ, сармоягузории хориҷӣ, эҳёи раванди рушди иқтисод ва савдои ҷаҳонӣ аз омилҳои асосии мусоидат кардан ба суръати баланди рушди иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд.

Сарвари давлат барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор зарурати таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти бисёрҷанбаи ҳамлу нақл, рушди инфрасохтори он, таъсиси марказҳои логистикии минтақавӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, инчунин низоми зеҳнии нақлиётӣ дар доираи ЭСКАТО-ро, ки метавонад кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра берун бароварда, ба як кишвари транзитӣ мубаддал созад, ба миён гузоштанд.

Барои амалисозии нақшаву барномаҳо оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об таъкид гардид, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва саҳмгузор дар ин самт, Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро 6-9 июни соли равон дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе баргузор мекунад.

Дар охир Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҳамоиши ЭСКАТО барори кор орзу карда, бо итминон изҳор доштанд, ки ҳамаи кишварҳои аъзои ЭСКАТО дар ҳамоиши сатҳи баланд дар Душанбе фаъолона ширкат меварзанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии ҶТ

Октябрь 8, 2022 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид