Эмомалӣ Насриддинзода: Бо кӯшиши Пешвои миллат мақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ ба куллӣ дигар шуд
ДУШАНБЕ, 05.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо кӯшиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ ба куллӣ дигар шуд. Бо дарки муҳимтарин ва умдатарин масъала, яъне хусусияти муттаҳидгардонӣ ва ваҳдатофарии забон Роҳбари давлат онро ҳамчун рукни устувору побарҷои давлатдории навини тоҷикон эътироф намуданд, ки аз азамату ҷалол ва иқтидору неруи забони тоҷикӣ сарчашма мегирад. Чунин иброз намудааст Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода дар мақолаи худ таҳти унвони «Эҳё ва рушди забони давлатӣ дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои миллат. Ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад», ки дар АМИТ «Ховар» ба нашр расидааст.
Ба зикри Эмомалӣ Насриддинзода, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои пайвастаи Пешвои миллат забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати тоҷик ба сифати мардуми дорои ҳама аломату нишонаҳои миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омаданд ва дар ориёшиносӣ ва ё эроншиносии муосир шохаи сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо намуд.
«Дар баробари ин, чунонки Пешвои миллат таъкид мекунанд, ҳар шаҳрванди кишвар барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ кӯшиш карда, падару модарон бояд ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд, зеро беэътиноӣ ба забони модарӣ беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст»,- изҳор намудааст Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа.
Ба зикри муаллифи мақола, бахусус, ташкил намудани мулоқоту суҳбатҳо бо ҷалби олимону адибони маъруф, омӯзишу мутолиаи асарҳои илмиву адабӣ, аз бар кардани шеърҳо ва ғайра, ки имконияти бештари бедор намудани завқу шавқи ҷавононро дар пай доранд, барои қавӣ гардонидани ҳофизаи таърихии хонандагону донишҷӯён зарур мебошад.
Дар мақола таъкид гардидааст, ки мояи ифтихору сарбаландист, ки Пешвои муаззами миллат пуштибону ҳомии забони тоҷикӣ мебошанд ва ба забон ҳамчун рукни асосии бинои ҳастии миллат ва устувориву будубоши давлат ба ҳайси муқаддасоти миллат арҷ мегузоранд.
Чунонки дар ин маврид Сарвари давлат ишора намудаанд, «бақои тоҷик забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад. Фарҳанги беназиру оламшумули тоҷикон ва адабиёти пурғановати зиёда аз ҳазорсолаи тоҷикон, ки қалбҳои аҳли назар ва фаҳму фаросати ҷаҳонро тасхир кардааст, маҳз бо ҳамин забон, яъне забони тоҷикӣ навишта ва эҷод шудаанд».
АКС: АМИТ «Ховар»








«БЕҲТАРИНИ ОСИЁ – 2026». Навраси тоҷик сазовори ҷоизаи байналмилалӣ шуд
Моҳи ноябр доир ба саҳми Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 140 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунад
Дар Тоҷикистон барои хонандагони синфи якум давраи мутобиқшавӣ гузаронида мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 83 нафар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 187 муассисаи шакли нав фаъолият мекунад
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир мегардад
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи омӯзгории марказии Чин тақвият медиҳад
Барои омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хобгоҳи 10-ошёна сохта мешавад
Беш аз 6000 шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Чин таҳсил менамоянд
Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо фаъолияти кафедраи ҳарбии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид






