«ФАРЗАНДИ ТОҶИКИСТОНАМ!» Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ маросими ҷоизасупории озмуни мазкур доир гардид

Октябрь 7, 2022 15:20

ДУШАНБЕ, 07.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фарзанди Тоҷикистонам!» баргузор шуд, ки дар он ба муаллифони мақолаҳои беҳтарин «Диплом» ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Аз ҷумла, муовини аввали Директори АМИТ «Ховар» Рухсора НУРЗОДА барои мақолаи «Касе к-ў боварии халқро арзанда мегардад…» , ҳамчунин директори Радиои «Ховар» Саидҷаъфар Ашурзода барои мақолаи «Ҷаҳони гул дар Гулшан» бо «Диплом»- и озмуни мазкур сарфароз гардонида шуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Озмуни ҷумҳуриявии «Фарзанди Тоҷикистонам!» аз ҷониби Муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» аз оғози соли 2022 шурӯъ гардида, то охири моҳи сентябр идома ёфт.

Зимни ифтитоҳи озмун сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон« Шоҳона Одиназода оид ба мақсаду мароми баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фарзанди Тоҷикистонам!» ибрози андеша намуд.Шоҳона Одиназода иброз дошт, ки барои довталабӣ дар ин озмун ба унвони маҷалла беш аз 150 маводи гуногуни муаллифон ворид гардиданд, ки аз ин шумора 33 мақолаи беҳтарин рӯи чоп омад. Маҳз пешниҳоди матлабҳо аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа ва инъикоси мазмуни гуногуни матлабҳо ба ҷараёни озмуни мазкур ҷилои тоза бахшид. Дар озмун намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, шурӯъ аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни давлатӣ, фаъолони ҳизб, олимон, адибон, омӯзгорон, донишҷӯён, магистрону журналистони касбӣ то хонандагони одии маҷалла фаъолона ширкат варзиданд.

Мақолаҳо дар жанрҳои гуногун таълиф шуда, аз ҷараёни Иҷлосияи таърихӣ- интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлат, нахустин мусоҳибаҳо бо вакилони иҷлосияи мазкур, қарорҳои қабулнамудаи вакилон ва дигар мавзӯъҳо қисса менамоянд. Ҳамчунин ҳангоми таҳияи матлабҳо муаллифон дар баробари дастовардҳо ва дигар комёбиҳои истеҳсолию фарҳангии таърихи 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин симои бузургу неруманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро инъикос намудаанд.

Ҳамчунин дар маросими ҷамъбасти озмуни мазкур барои ҳамкории судманд ва фаъолияти назаррас дар инъикоси фаъолияти маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» якчанд шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ бо сипосномаи Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд.

Барномаи фарҳангӣ бо иштироки овозхони машҳури мамлакат, аз ҷумла Шуҳрат Сайнаков, Шоҳин Абдуллоев, Ибодат Раҷабова ва дигарон ҷамъомадро шукуҳи тоза бахшид.

АКС: Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»

Октябрь 7, 2022 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид