Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус доир гардид
ДУШАНБЕ, 13.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус таҳти унвони «Дурнамои инкишофи ҳамкории байнидонишгоҳии Тоҷикистон ва Беларус» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар форум Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, Вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Андрей Иванетс, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Беларус ва омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз дошт, ки дар самти ҳамкории дуҷониба миёни ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Беларус ва муассисаҳои таҳсилоти олию илмии ин кишварҳо якчанд созишномаҳо ба тасвиб расидаанд. Хусусан дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарду кишвар 19 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ мусоидат менамоянд. Дар баробари ин баргузор намудани Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар имкон фароҳам меорад, ки лоиҳаҳои гуногуни илмӣ татбиқ шуда, табодули таҷриба сурат гирад.
Вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Андрей Иванетс иброз кард, ки “дар ҷараёни вохӯрии роҳбарони олии ду кишвар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар назди мо ба таври мушаххас масъалагузорӣ шуд, ки ҳамкорӣ дар самти маориф ва илм ҷоннок карда шуда, барои рушди иқтисодиёти ду кишвар мутахассисони варзидаю соҳибкасб омода карда шаванд. Зиёд намудани теъдоди бурсияҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъсиси филиали яке аз донишгоҳҳои Беларус дар шаҳри Душанбе аз ҷумлаи иқдоме ҳастанд, ки мехоҳем дар оянда амалӣ намоем”.
Зимнан гуфта шуд, ки сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон саҳифаи тозаеро дар таърихи ҳамкорӣ боз хоҳад кард. Ин боз як далели босуръат инкишоф ёфтани муносибатҳои дӯстонаи дуҷониб дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ мебошад. Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ташрифи намояндагони давлатҳои ҳамкор аст, ки барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд корҳои назаррас анҷом медиҳанд.
Дар қисмати дуюми форум барномаи фарҳангии омоданамудаи ансамбли халқии «Наврӯз»-и ДМТ, ки аз рақсу сурудҳои рангину тамошобоб иборат буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Баъд аз баргузории форум ва суҳбату мулоқоти хосса ҷонибҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Ҳамчунин вазирони маорифи кишварҳо аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, дидан намуданд. Дар Осорхонаи Пешвои миллат нигораҳои давраи таҳсили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи илм гирд оварда шудаанд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон










Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд






