«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 17.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар саҳни Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими ифтитоҳи даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз ёфт, ки дар он 423 нафар довталабон ширкат меварзанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» хабар доданд.
Дар маросим намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва ВАО ширкат варзиданд.
Зимни ифтитоҳ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иштирокчиёни озмунро ба маросими ифтитоҳи даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хайрамақдам гуфта, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳамаи иштирокчиёни озмун барору комёбӣ ва саодату сарбаландӣ таманно намуд.
Дилбар Одилзода иброз дошт, ки бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Душанбе» аз 1 апрели соли 2022 ба тасвиб расид. Дар даври шаҳрии он 423 нафар довталабон ширкат меварзанд, ки нисбат ба соли гузашта 143 нафар зиёд мебошад.
Зикр гардид, ки шумораи иштирокчиён ва ғолибони даври якум ва дуюми озмун низ мутаносибан афзудааст, ки ин аз оммавӣ гардидани озмун дарак медиҳад.


Соли гузашта дар доираи талаботи муқарраргардидаи озмун вобаста ба ҳар номинаи он ва иловатан вобаста ба мавзӯъҳои васфи Ватан, дӯстиву бародарӣ, хайру эҳсонкорӣ, ишқи поки инсонӣ, тараннуми ваҳдату сулҳу субот ва корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушду ободии диёр иштирокчиён аз пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолона ширкат варзида, маҳорат ва малакаи худро нишон доданд. Онҳо аз ҷониби ҳакамони озмун сазовори баҳои баланд шуда, бо соҳиб гаштан ба 27 ҷойи ифтихорӣ мақоми аввалро дар сатҳи ҷумҳурӣ ноил гардиданд.
Тибқи тартиби муқарраргардида, сараввал иштирокчиёни озмун аз рӯйи номинаи «Хондан ва аз бар намудани адабиёти бачагона» вориди толори фарҳангии Муассисаи давлатии «Маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» гардиданд.
Бояд ёдовар шуд, ки озмуни мазкур аз 17 то 23 октябр идома меёбад.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»








Бо донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия мулоқот доир гардид
Такмили Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баррасӣ шуд
Масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносии муосир дар форуми байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ гардиданд
«ПИРИ ҲАКИМОНИ МАШРИҚЗАМИН». Рисолаи Сотим Улуғзода оид ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино
СИНО ВА ХАЙЁМ — СИМОҲОИ БАРҶАСТАИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҳамоиши илмӣ доир шуд
Масъалаҳои густариши ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бо ЮНЕСКО баррасӣ шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар мавзуи «Ибни Сино дар шинохти Сотим Улуғзода» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Аврупо созишномаҳо ба имзо расонид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид
Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд






