«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ ёфт

Октябрь 17, 2022 16:00

ДУШАНБЕ, 17.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар саҳни Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими ифтитоҳи даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз ёфт, ки дар он 423 нафар довталабон ширкат меварзанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» хабар доданд.

Дар маросим намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва ВАО ширкат варзиданд.

Зимни ифтитоҳ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода  иштирокчиёни озмунро ба маросими ифтитоҳи даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хайрамақдам гуфта, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳамаи иштирокчиёни озмун барору комёбӣ ва саодату сарбаландӣ таманно намуд.

Дилбар Одилзода иброз дошт, ки бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Душанбе» аз 1 апрели соли 2022 ба тасвиб расид. Дар даври шаҳрии он 423 нафар довталабон ширкат меварзанд, ки нисбат ба соли гузашта 143 нафар зиёд мебошад.

Зикр гардид, ки шумораи иштирокчиён ва ғолибони даври якум ва дуюми озмун низ мутаносибан афзудааст, ки ин аз оммавӣ гардидани озмун дарак медиҳад.


Соли гузашта дар доираи талаботи муқарраргардидаи озмун вобаста ба ҳар номинаи он ва иловатан вобаста ба мавзӯъҳои васфи Ватан, дӯстиву бародарӣ, хайру эҳсонкорӣ, ишқи поки инсонӣ, тараннуми ваҳдату сулҳу субот ва корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушду ободии диёр иштирокчиён аз пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолона ширкат варзида, маҳорат ва малакаи худро нишон доданд. Онҳо аз ҷониби ҳакамони озмун сазовори баҳои баланд шуда, бо соҳиб гаштан ба 27 ҷойи ифтихорӣ мақоми аввалро дар сатҳи ҷумҳурӣ ноил гардиданд.

Тибқи тартиби муқарраргардида, сараввал иштирокчиёни озмун аз рӯйи номинаи «Хондан ва аз бар намудани адабиёти бачагона» вориди толори фарҳангии Муассисаи давлатии «Маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» гардиданд.

Бояд ёдовар шуд, ки озмуни мазкур аз 17 то 23 октябр идома меёбад.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»

Октябрь 17, 2022 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи зеҳни сунъӣ Ёддошти тафоҳум имзо намуданд
Тоҷикистон ва Чин оид ба тақвияти мубодилаи илмӣ, техникӣ ва гуманитарӣ Ёддошти тафоҳум имзо намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак ба сохтмони ду иншооти нави соҳаи маориф оғоз бахшида шуд
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
Донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд
Масоили густариши ҳамкории таълимӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд дар озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар шаҳри Гулистон Озмуни шаҳрии «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон намоиши ҷойи холии кор баргузор гардид

Маводҳои таҳлилӣ