ФУТБОЛ. Бозиҳои даври 18-уми марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ анҷом ёфтанд

Октябрь 25, 2022 09:24

ДУШАНБЕ, 25.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо баргузории бозиҳои даври 18-ум марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар даври 18-ум аз 5 бозӣ 4 бозӣ мусовӣ шуд. Бозиҳо миёни дастаҳои футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 0:0, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, КМВА –и шаҳри Душанбе бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби якхелаи 1:1 анҷом ёфтанд. Дар як бозӣ дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бар дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Хотиррасон мешавем, ки марҳилаи сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ имсол дар қолати нав баргузор мешавад. Дар ин марҳила дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Холҳои дар марҳилаҳои якуму дуюм гирифта ҳифз карда мешаванд. Аз рӯи натиҷаи ду марҳилаи гузашта панҷ дастаи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давр бозӣ карда, дар ҷадвали мусобиқа ҷойҳои аз 1 то 5-умро ишғол мекунанд. Инҳо дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва КМВА-и шаҳри Душанбе мебошанд.

Панҷ дастаи боқимонда – Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар гурӯҳи «В» дар як давр бозӣ карда, ҷойҳои аз 6 то 10-умро ишғол намуда, барои нигоҳ доштани мавқеъ дар Лигаи олӣ талош мекунанд. Ду дастае, ки дар ду ҷои охири ҷадвал мавқеъ мегиранд, дар охири мавсим ба Лигаи якум мегузаранд.

Дар маҷмӯъ, ҳар даста дар Чемпионати Тоҷикистон-2022 22 бозӣ анҷом медиҳад.

 Рӯйхати беҳтарин нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов, ( «Истиқлол»)- – 12 гол, Шервонӣ Мабатшоев «Истиқлол»)- Дилшод Бозоров («Эсхата»)  бо  10-голӣ,  Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 7 гол, Фатҳулло Фатҳуллоев («Регар-ТадАЗ»), Абдухалил Боронов («Равшан» Кулоб), Бахтиёр Зарипов («Равшан» Зафарабад), Санҷар Рихсибоев («Эсхата»), Амирҷон Сафаров («Истаравшан»)  – 5- голӣ ба нишон расониданд.

                                               АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Октябрь 25, 2022 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд