«ИБТИДО» ИНТИҲО НАДОРАД. Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 40-солагии нахустнамоиши спектакли Ато Ҳамдам таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 40-солагии нахустнамоиши спектакл бо номи «Ибтидо» аз рӯи драмаи ҳамноми Ато Ҳамдам, ки чанде пеш бо унвони олӣ- Нависандаи халқии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид, ҳамоиш доир шуд.
Ҳамоишро, ки дар он адибону ҳунармандон ва ҳаводорони зиёди эҷодиёти Ато Ҳамдам иштирок доштанд, муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ифтитоҳ намуд. Ӯ зикр кард, ки Ато Ҳамдам солҳои тӯлонӣ дар соҳаи наср, драматургия, публисистика ва тарҷумаи бадеӣ фаъолияти пурсамар дорад. Сипас, театршинос, номзади илмҳои таърих Муҳаммадулло Табарӣ доир ба вижагиҳои бадеии драмаи зикршуда маърӯзаи пурмазмун ироа намуд.
Дар бораи эҷодиёти Ато Ҳамдам- муаллифи китобҳои зиёд ҳамчунин ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Марям Исоева, Тӯрахон Аҳмадхон, Асалбек Назриев, Нурулло Абдуллоев, доктори илмҳои фалсафа, академик Кароматулло Олимзода ва дигарон ибрози назар карданд.
Санъаткорон порчаеро аз пйесаи «Ибтидо» намоиш доданд, ки бавижа монологи модар дар иҷрои Марям Исоева хеле таъсирбахш буд.
Иштирокчиёни ҳамоиш инчунин саҳми назарраси Ато Ҳамдамро дар таҳкими робитаҳои адабии Тоҷикистон ва Арманистон, Беларус, Россия ва Қазоқистон зикр намуданд.
Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид






