Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз мегарданд
ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад, ки бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ то 6 ноябр идома меёбад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.
Тибқи барнома, имрӯз пеш аз оғози маросими Рӯзҳои фарҳангӣ мулоқоти Вазири фарҳанги мамлакат ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати расмии рӯзҳо ва Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Шумораи умумии иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳангӣ зиёда аз 60 нафарро ташкил медиҳад.
Дар назар аст, ки дар доираи баргузории рӯзҳо намоиши ҳунарҳои мардумии ин сарзамин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, маҳфили «Шоҳномахонӣ» ва гурӯҳи мусиқии «Пож», «Сурӯши Мавлоно» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, намоиши филмҳои эронӣ дар Кохи Наврӯз ва кинотеатри Ватан, маҳфили адабӣ бо иштироки шоирони Эрону Тоҷикистон ва гурӯҳи ҳунарии «Варзишгарони зӯрхонаӣ» дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шаванд.
Инчунин 3-4 ноябр Рӯзҳои фарҳангии Эрон бо иштироки ҳайати меҳмонон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб идома меёбанд.
Ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, Маҷмааи «Истиқлол» ва Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии «Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» низ дидан менамояд.
Ёдовар мешавем, ки аз 3 то 9 октябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардиданд. Дар доираи ин рӯзҳо мулоқоти Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ доир шуд. Дар маросими кушодашавии Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон ходимони намоёни сиёсӣ, фарҳангӣ, адабӣ ва аҳолии Теҳрон иштирок намуданд.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон намоиши аксҳою мусаввараҳо, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллии тоҷикӣ, намоиши театрии «Дирафши ковиёнӣ»-и Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, барномаҳои консертии ҳунармандони маъруфи тоҷик, «Шаби шеър» бо иштироки шоирони шинохтаи тоҷик ва адибони эронӣ, инчунин намоиши филмҳои «Муаллим» ва «Роҳ»-и коргардони тоҷик Носир Саидов пешниҳод гардиданд.
АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






