«ИН ҚАДАР ШИРИНУ ДИЛБАНД АСТ ОН…». Забони давлатӣ симо ва пайкари миллат мебошад

Октябрь 3, 2022 13:30

ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Забони тоҷикӣ забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, онро бояд барои омӯзиши илму дониш, суханварию хушгуфторӣ, тарғиби ахлоқи нек, коргузории расмӣ дар тамоми қаламрави мамлакат ва берун аз он истифода намуд. Зеро забони модарии мо симо ва пайкари миллати мост. Чунин иброз дошт мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Муслима Броимшоева ба АМИТ «Ховар».

Мавсуф тазаккур дод, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарин ва бойтарини дунё мебошад, ки роҳи ниҳоят мураккаб ва пурпечутоби рушдро тай намудааст. Он аз забони махсус, ки дар сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон паҳн шуда буд, маншаъ мегирад. Аз таърихи  тӯлонии забони тоҷикӣ осори гаронбаҳои шоирон Ҳанзалаи Бодғисӣ, Абулабоси Марвазӣ, Абушакури Балхӣ, Дақиқию Кисоӣ, Рӯдакию Фирдавсӣ ва дигарон шаҳодат медиҳанд.

Ҳанӯз дар асрҳои VII-VIII забони тоҷикӣ чун забони назм истифода гардида, бо равонию бой будани луғаташ машҳур гардида буд. Ҳатто яке аз аввалин шоирони тоҷик Абуҳафзи Суғдии Самарқандӣ дар асри VIII шеъри равонеро бо ин забони шево эҷод намуд, ки калимаҳояш равшану фаҳмо мебошанд:

Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо,
Ӯ надорад ёр, бе ёр чӣ гуна бувадо.

Ин забон дар ҳамаи давраҳои тараққиёт ва ҷангу хунрезиҳо асолати хешро гум накарда, то замони мо боқӣ мондааст. Ҳатто давоми ҷангҳо ва ҳуҷуми аҷнабиён хароб нагардида, балки аз ҷиҳати лексикӣ бойтар гардид. Бузургии забони тоҷикӣ дар осори гаронбаҳои бузургони миллат, шоирону нависандагон борҳо мавриди таърифу ситоиш қарор гирифтааст. Онҳо забонро манбаи панду насиҳат, ахлоқу маърифат мешумурданд.

Шоире ширинии забони тоҷикиро ба себи Самарқанд ташбеҳ дода мефармояд:

Лафз ё худ манбаи панд аст он,
Ё ки худ себи Самарқанд аст он,
Ё ба шухӣ зодаи дарёст он,
Ин қадар ширину дилбанд аст он.

Имрӯз забони муосири тоҷик дар роҳи тараққиёти таърихии худ мамониати зиёдеро барҳам зада, вобаста ба пешрафти ҷамъият ҳамчун забони давлатӣ ташаккул ёфтааст. Аз тарафи давлат ва Ҳукумат, бавижа аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забони давлатӣ эҳтироми махсус зоҳир мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон забонро симо ва пайкари миллат дониста, зебо ва тавоно нигоҳ доштани онро таъкид карда буданд: «Забони миллӣ симо ва пайкари миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкар бояд ҳамеша тавоно бошад».

Тоза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ аз мо – соҳибзабонон масъулияти зиёд талаб мекунад, чунки бо ин забон абармардону забардастони риштаи сухан- Рӯдакию Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлоно Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва дигарон осори оламшумули хешро офаридаанд. Омӯхтану донистани забони модарӣ барои ҳар шахс шарт ва зарур аст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони модарии худро омӯхтан ва ҳифз намудан чунин иброз доштаанд: «Ҳар фарди тоҷикро зарур аст, ки забони модарии худро омӯзад, онро гиромӣ дорад ва дар ҳифзи он саҳм гузорад».

Аз рӯи гуфтаҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои забон бақои миллат аст. Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост».

Пас имрӯз бояд ҳар шаҳрванди баору номуси Тоҷикистон барои тоза ва беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ саъю кӯшиш намояд. Ҳангоми навиштани лавҳаю овезаҳои мағозаву корхонаҳо ва дигар иншоот бояд диққатро ба он равона сохт, ки онҳо бехато бошанд, зеро навиштаҷоти ғалат саводнокии аҳли ҷомеаро зери суол мегузорад.

Фарде, ки забони модариашро дуруст намедонад, ҳаргиз дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ муваффақ намешавад. Чунонки Саъдии Шерозӣ мегӯяд:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон-ш осон гардад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Акс: Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Октябрь 3, 2022 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Дар Душанбе дастрасӣ ба хизматрасониҳои устувории обтаъминкунию санитария боз ҳам беҳтар мегардад
Барои пойгоҳи обкашии «Сомғор-1»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду агрегати нав харидорӣ мешавад
ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон барф меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.7613 то 10.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва заҳролудшавӣ тақвият меёбанд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Москва созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 500 гектар токзори нав бунёд мешавад
Кирмакпарварӣ ва коркарди пилла шуғли қадимтарини тоҷикон ба шумор меравад
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба давраи зимистон омодагӣ мебинанд
ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрноки бебориш дар назар аст
ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 11 дараҷа гарм мешавад