IRS: Дар роҳи Душанбе-Чаноқ резиши сангпора ва омадани сел хеле зиёд аст

Октябрь 19, 2022 14:50

ДУШАНБЕ, 19.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, шаби гузашта бориши барфу борон дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ идома ёфта, дар километрҳои 154 — 160 баландии барф зиёд гардид. Дар айни ҳол бинобар бориши пуршиддати борону барф дар роҳи Душанбе — Чаноқ резиши сангпора ва омадани сел хеле зиёд аст. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Кормандони филиали Ширкат аз тамоми имконият истифода бурда истодаанд,  то роҳ мунтазам аз барф тоза карда шавад. Ҳоло роҳ кушода буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ таъмин аст.

Масъулини  ширкат бо арзи эҳтиром аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки  ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ бодиққат бошанд ва тавсияҳои кормандони ширкатро ба назар гиранд, то ҳаёту худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Баробари расидани  иттилои нав оид ба вазъи роҳи мазкур маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.

АКС: Маркази матбуоти ширкати IRS

Октябрь 19, 2022 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад