«КИШВАРИ АЗ ВАРАҶА ОЗОД». Тоҷикистон барои гирифтани Сертификати ТУТ пешниҳод гардид
ДУШАНБЕ, 28.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб ҳодисаҳои маҳаллии бемории вараҷа ба қайд гирифта нашудааст. Дар робита ба гузаронидани сертификатсияи Тоҷикистон ҳамчун «кишвари аз вараҷа озод» аз 17 то 26 октябр Миссияи Бюрои минтақавии Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз Тоҷикистон дидан намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
Бояд гуфт, ки моҳи сентябри соли 2021 аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони директори генералии ТУТ ва директори Бюрои минтақавии Аврупоии ТУТ оид ба гузаронидани сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «кишвари аз вараҷа озод» дархост пешниҳод гардида буд.
Дар асоси ин дархост Комиссияи коршиносони мустақили байналмилалӣ дар ҳайати профессорон Педро Алонсо ва Фред Бинка, инчунин намояндаи Бюрои минтақавии Аврупоии ТУТ доктор Ҳонг Ли ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Ҳайати Комиссияи байналмилалӣ аз Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе ва инчунин марказҳои мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ ва муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Дарвоз, Ш. Шоҳин, Ваҳдат ва МНДСЭ-и ноҳияи Восеъ боздид намуд. Онҳо бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ шинос шуда, ба фаъолияти онҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вараҷа давоми 10 соли охир баҳо гузоштанд.
Ҳисоботи Комиссияи мазкур ба унвони директори БМА ТУТ пешниҳод гардида, оид ба натиҷаи ниҳоии ноил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сертификати ТУТ ҳамчун «кишвари аз вараҷа озод» давоми се моҳи оянда хабарномаи БМА ТУТ ирсол мегардад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!






