Китоби «Ҳақиқатҳои ширини ширин ва талху талхи насри сад соли ахири тоҷикон»-и Шераки Ориён ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 23.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳақиқатҳои ширини ширин ва талху талхи насри сад соли ахири тоҷикон»- таҳти чунин унвон китоби навбатии узви Конфедератсияи синамогарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтика, нависандаи сермаҳсули тоҷик Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) нашр гардид.
Тавре нависанда дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, «ин ҳамон адабиётест, ки ҳамеша таҳлилаш мекардем. Фақат ин бор таҳлил аз тарафи дигар аст. Саргузашти насри навину офарандагони он аз нигоҳи дигар. Баъзе ҷиҳатҳои ногуфта ва номакшуфи ин адабиёт дар рисолаи мазкур дарҷ гардидаанд. Яъне, ҳақиқатҳои ширини ширин ва талхи басо талхи насри сад соли ахири тоҷикон».
Китоб бо фарогирии паҳно, жарфу амиқ ва кушодани муаммоҳои таъриху зиндагӣ ва фарогирии осори азизони гузаштаи мо, хосатан намояндагони сад соли ахири насри тоҷик фарқкунанда ва ҷолибу хонданист.
Бояд гуфт, ки Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) узви Конфедератсияи синамогарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтика буда, муаллифи 42 филми бадеӣ ва санадию фалсафӣ мебошад. Эҷодиёти ӯ ҳафт ҷоизаи байналхалқиро сазовор гардидааст. Филмҳои вай, ба мисли «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Афсонаи зиндагӣ», «Чор фасли умр», «Насл» ва ғайра маъруфу машҳур гардидаанд.
Филми «Дӯстонро намефурӯшанд» («Аспи охирини шаҳр») дар замони шӯравӣ аз ҷониби 28 кишвари ҷаҳон харидорӣ гардида, дар Кинофестивали Рига (соҳили Балтика) ва Кинофестивали халқии Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби ҷоиза гардида буд. Филми дигари Шераки Ориён «Марди мутааллиқи ду зан» дар даҳаи навади қарни бист дар кинофестивалҳои ЕврАзия, Фаронса, Амрико чор ҷоизаро сазовор гардид.
АКС аз бойгонии Шераки Ориён








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд






