Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо сокинони маҳаллаи Сарикиштии поён вохӯрӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №121 бо сокинони маҳаллаи Сарикиштии поён вохӯрӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.
Вохӯрӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ баргузор шуда, иштирокдорон вобаста ба риояи талаботи «Маромномаи сокини пойтахт», баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ ва риояи қонунҳои миллӣ ибрози андеша намуданд.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ Гулиҷаҳон Ниёзбекова вобаста ба «Маромномаи сокини пойтахт» иброз дошт, ки «халқи тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён будаанд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусияти миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқӣ мондаанд. Душанбе, барҳақ, меросдори онҳост. Сокини пойтахт будан мояи ифтихор аст ва дар айни замон масъулияти бузург ҳам дорад, ки амалӣ намудани чунин дастур муҳимтарин вазифаҳои шаҳрвандиро тақозо менамояд».
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён оид ба нақши аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан нақши аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии мамлакат ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуд. Рисолати аслии ин ниҳоди сиёсӣ аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, саҳм гузоштан дар рушду пешрафти ватани азизамон тавассути аъзо, ҷонибдорон ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ иборат аст.
Ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ин ниҳоди сиёсӣ дар Шӯрои маҳаллаи Сарикиштии поён ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ, риояи талаботи «Маромномаи сокини пойтахт», тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва риояи талаботи қонунҳои миллӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






