МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД! Барои чӣ онро «меваи офтоб» меноманд ва чаро ин мева намегузорад, ки организм пеш аз муҳлат пир шавад

Октябрь 10, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 10.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Меваи хурмо дар таркиби худ витаминҳои A, C ва P, микроэлементҳо, қанд, сафедаҳо, кислотаи лимў ва дигар моддаҳои биологии фаъол мавҷуданд. Инчунин дар таркиби он миқдори зиёди йод мавҷуд аст. Ибни Сино хурморо ҳамчун воситаи мустаҳкамкунии тамоми узвҳо, инчунин барои беморони лоғару заиф тавсия додааст. Агар меваи пухтаи хурморо дар ҷой муътадил нигоҳ дорем, то 6 моҳ хусусияти худро гум намекунад. Чунин иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» доктори илмҳои кишовразӣ, профессор Ҳикматулло НАЗИРОВ.

Ба гуфти Ҳикматулло Назиров, бо фарорасии фасли тирамоҳ дар бозорҳои мамлакат мевае, ки ранги зарди баланд дорад ва ба монанди равшании офтоб диққатро ба худ ҷалб мекунад, бештар мегардад. Аз ҳамин лиҳоз онро дар мо «меваи офтоб» меноманд. Мавсими хурмо то оғози фасли зимистон тӯл мекашад.

Профессор Назиров бо такя ба маълумоти сарчашмаҳо мегӯяд, ватани аслии хурмо Чин мебошад. То имрӯз доир ба навъу намуди он андешаҳо гуногунанд ва бештари олимон бар он назаранд, ки қариб 200 навъи дарахти хурмо ба ҳисоб гирифта шудааст, ки дар мавзеъҳои тропикӣ ва субтропикии Африко, Осиё, Амрикои шимолӣ ва Ҷанубӣ, Ҳиндустон, ҷазираҳои Филиппин мерӯянд.

Дар Тоҷикистон низ чанд навъу намуди ин мева парвариш меёбанд. Аслан мо хурморо аз тухми он сабзонида, сипас бо навъи беҳтар пайванд намуда, парвариш мекунем. Чун ин мева ба гармӣ бештар майл дорад, дар мамлакати мо хурмои беҳтарин дар водии Ҳисор ва ноҳияҳои вилояти Хатлон, инчунин қисме аз ноҳияҳои вилояти Суғд мерӯяд.

Истеъмоли хурмо эҳсоси хушӣ ва гуворо ҳадя мекунад. Дар Шарқ ба хурмо аҳамияти хоса медиҳанд. Чиниҳо хурморо ҳамчун рамзи хушнудӣ медонанд, онро ғизои худоён мешуморанд ва итминон доранд, ки албатта аввалин бор ин меваи зебову пурарзишро худоён чашидаанд. Ҷопониҳо хурморо «Меваи офтоб» меноманд ва онро рамзи ғалаба мешуморанд.Имрўз дар тибби халқӣ хурморо ҳангоми камхунӣ, барои барқарор намудани неру, баъди бемориҳои вазнин истифода мекунанд. Ба тавсияи табибон  онро барои табобати бемориҳои саратон, шуш ва пайдошавии санг дар гурдаҳо метавон истеъмол намуд. Инчунин ҳангоми асабоният, табъи хира ва ҳатто афсурдаҳолии сахт тавсия медиҳанд. Хурмо инчунин узви босираро мустаҳкам намуда, намегузорад, ки организм пеш аз муҳлат пир шавад.

Ба тавсия табибон хурмое, ки ҳангоми наҳорӣ мехўред, фаъолияти ақлониро зиёд мекунад.

Ғизошиносон хурморо барои кам намудани вазн тавсия медиҳанд. Зеро хурмо бо вуҷуди ширин буданаш, камкалория аст. Аммо бемороне, ки мубталои диабети қанданд, бояд хурморо камтар истифода кунанд.

Хурмо манбаи витаминҳои зиёдест. Аз ҷумла, дар таркиби он витамини А ба миқдори зиёд мавҷуд аст, ки барои пешгирии саратон мусоидат мекунад; витамини P, ки нозукии рагҳои хунро коҳиш медиҳад; витамини С (53% он дар буттамева), ки таъсири тоникӣ дорад.

Исбот шудааст, ки хурмо нисбат ба себ ду маротиба бештар микроэлементҳои муфид ва нахи парҳезӣ дорад, бинобарин ин мева намегузорад организм пеш аз муҳлат пир шавад. Маҳз аз ин сабаб онро дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон «шоҳи меваҳо» меноманд.

Табибон барои чунин гурӯҳҳои беморӣ бештар истеъмоли хурмо тавсия медиҳанд:

Бемориҳои онкологӣ. Азбаски хурмо бисёр витамини «бета-каротин» ва витамини А дорад, онро ҳамчун чораи пешгирикунанда аз саратон тавсия медиҳанд.

Камхунӣ. Оҳане, ки дар таркиби хурмо аст, ба пешгирии ин бемориҳои камхунӣ мусоидат мекунад ва сифати хунро беҳтар месозад. Занони ҳомила бояд ҳар рӯз хурморо ба ғизои парҳезии худ дохил кунанд.

Бемориҳои ғадуди сипаршакл. Тавре ки маълум аст, маҳсулоти дорои йод барои пешгирии бемориҳои сипаршакл тавсия дода мешавад. Хурмо яке аз меваҳои беҳамто дар рӯйхати ғизоҳои аз йод бой ҷойгир аст.

Бемории уролитияс (пешобдон). Хурмо ба ташаккули мувозинати калий-натрий дар организм мусоидат мекунад ва намакҳои зиёдатии натрийро аз бадан хориҷ менамояд. Инчунин, миқдори зиёди калий дар хурмо эҳтимолияти пайдоиши сангҳоро дар роҳи пешоб коҳиш медиҳад.

Бемориҳои илтиҳоб. Биёр бемориҳо, аз қабили варами муфосил (артрит), бемории қанд (диабет), саратон, фарбеҳшавӣ, бамориҳои дилу рагҳо дар натиҷаи илтиҳоби музмини узвҳои бадан пайдо мешаванд. Истеъмоли меваи хурмо, ки дар таркиби худ витамини С дорад, ин гурӯҳи бемориҳоро пешгирӣ мекунад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ ва манбаъҳои боз

Октябрь 10, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Спитамен бо вазъи соҳаҳои пахтакорӣ, боғдорӣ ва токпарварӣ шинос гардид
Ҷаласаи 21-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо доир шуд
Дар вилояти Хатлон имконоти ҳамкорӣ дар самти бунёди неругоҳҳои барқӣ баррасӣ гардид
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 баробар афзоиш ёфтааст
14 август Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35-шарики боэътимоди сол» баргузор мегардад
Тоҷикистон таҷрибаи пешрафтаи Қазоқистонро дар самти истифода аз технологияҳои нав барои рушди соҳаи мелиоратсия меомӯзад
Дар Тоҷикистон низоми e-Phyto татбиқ мегардад
Оид ба кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон Созишномаи қарзии иловагӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд ба маблағи 20,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink лоиҳаи Харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд
Тоҷикистон ва Беларус бо мақсади рушди соҳаи нақлиёт ва логистика Харитаи роҳ оид ба ҳамкориро таҳия менамоянд
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд