Мазҳакаи «Табиби паррон» дар Фестивали 8-уми байналмилалии театрҳои касбии Осиёи Миёна иштирок мекунад

Октябрь 30, 2022 10:25

ДУШАНБЕ, 30.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд мазҳакаи  «Табиби паррон»-ро дар Фестивали 8-уми байналмилалии театрҳои касбии Осиёи Миёна намоиш медиҳанд, иттилоъ доданд ба  АМИТ «Ховар» дар Раёсати фарҳанги вилояти Суғд.

Мазҳакаи «Табиби паррон» аз рӯи пйесаи Жан-Батист Молйер бо коргардонии Суҳроб Шехов ба саҳна гузошта шудааст.

Фестивали мазкур аз 1 то 7 ноябр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад. Дар фестивал ҳунармандони театрҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки соли равон мазҳакаи «Табиби паррон»-и ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд дар Фестивали VIII байналмилалии театрии «Киштии Смоленск», ки миёни 22 театри дунё аз 6 давлат- Корея, Шветсия, Латвия, Тоҷикистон, Россия ва Беларус доир шуд, соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ-  «Барои синтези равшани анъанаҳои театрии миллӣ ва ҷаҳонӣ» ва «Барои иҷрои бомаҳорати нақши асосии мусиқавӣ» гардида буд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 30, 2022 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид