Мазҳакаи «Табиби паррон» дар Фестивали 8-уми байналмилалии театрҳои касбии Осиёи Миёна иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 30.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд мазҳакаи «Табиби паррон»-ро дар Фестивали 8-уми байналмилалии театрҳои касбии Осиёи Миёна намоиш медиҳанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати фарҳанги вилояти Суғд.
Мазҳакаи «Табиби паррон» аз рӯи пйесаи Жан-Батист Молйер бо коргардонии Суҳроб Шехов ба саҳна гузошта шудааст.
Фестивали мазкур аз 1 то 7 ноябр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад. Дар фестивал ҳунармандони театрҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон мазҳакаи «Табиби паррон»-и ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд дар Фестивали VIII байналмилалии театрии «Киштии Смоленск», ки миёни 22 театри дунё аз 6 давлат- Корея, Шветсия, Латвия, Тоҷикистон, Россия ва Беларус доир шуд, соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ- «Барои синтези равшани анъанаҳои театрии миллӣ ва ҷаҳонӣ» ва «Барои иҷрои бомаҳорати нақши асосии мусиқавӣ» гардида буд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Дар Минск нахустин тарабхонаи тоҷикӣ бо номи «Умари Хайём» ифтитоҳ гардид
Роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ дар Рим осорхонаҳои Капитолиниро тамошо намуданд
Китоби «Арзёбии метеорологию экологии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим» ба нашр расид
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Устод Айнӣ дар ин асар ориёӣ будани халқи тоҷикро собит намудааст
ВАССОФИ ВАТАН. Бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор мешавад
«РОБИАИ БАЛХӢ — НОБИҒАИ ШЕЪРИ ТОҶИК». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Тоҷикобод конфронси илмӣ доир шуд
ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАМ. Ба зодрӯзи вассофи сулҳу дӯстӣ, Каҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 115 сол пур мешавад
Ба муносибати 115-солагии Мирзо Турсунзода дар шаҳри Турсунзода конференсияи илмӣ-назариявӣ-ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Рим Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон — кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Баргузории фестивал-озмун ба баланд бардоштани мақоми либоси миллӣ мусоидат менамояд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши «Абдулло Ашуров — устоди мактаби мусаввирии тоҷик» ифтитоҳ ёфт






