Миёни донишгоҳҳои аграрии Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ, 28.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон зимни мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон Қаҳрамон Юлдашев дар Тошканд баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон.
Мусоҳибон масъалаҳои татбиқи санадҳои қаблан баимзорасидаро дар соҳаи кишоварзӣ, ҳамчунин густариши ҳамкорӣ дар самти кооператсияи саноатӣ ва кишоварзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистонро баррасӣ намуданд.
Инчунин доир ба тақвияти корҳо дар самти боғпарварӣ, пиллапарварӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, гармхонаҳо ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи кишоварзӣ изҳори назар карда шуд.
Дипломати тоҷик барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии аграрии Узбекистон пешниҳод ироа намуд, ки аз ҷониби роҳбарияти Вазорати кишоварзии Узбекистон ҷонибдорӣ гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






