Миёни донишгоҳҳои аграрии Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад

Октябрь 28, 2022 09:33

ДУШАНБЕ, 28.10.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Густариши ҳамкорӣ  дар соҳаи кишоварзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон зимни мулоқоти   Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон Қаҳрамон Юлдашев дар Тошканд баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон.

Мусоҳибон масъалаҳои татбиқи санадҳои қаблан баимзорасидаро дар соҳаи кишоварзӣ, ҳамчунин густариши ҳамкорӣ дар самти кооператсияи саноатӣ ва кишоварзӣ миёни  Тоҷикистон ва Узбекистонро баррасӣ намуданд.

Инчунин доир ба тақвияти корҳо дар самти боғпарварӣ, пиллапарварӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, гармхонаҳо ва тайёр намудани мутахассисони  баландихтисос дар соҳаи кишоварзӣ изҳори назар карда шуд.

Дипломати тоҷик барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии аграрии  Узбекистон пешниҳод ироа намуд, ки аз ҷониби роҳбарияти Вазорати кишоварзии Узбекистон ҷонибдорӣ  гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Октябрь 28, 2022 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Хайринисо Идрисова: «Дастарӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид