Миёни Тоҷикистон ва Россия лоиҳаи созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиб омода шудааст

Октябрь 19, 2022 12:07

ДУШАНБЕ, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазоратҳои тандурустии Федератсияи Россия ва Тоҷикистон тарҳи созишнома миёни ҳукуматҳои ду кишвар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, маориф ва илмро омода кардаанд. Дар ин бора ба ТАСС рӯзи ҷумъа дар дафтари матбуоти департаменти Россия бо истинод ба Вазири тандурустии Россия Михаил Мурашко хабар доданд.

«Михаил Мурашко ҳамчунин эълон кард, ки Вазорати тандурустии Федератсияи Россия дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи созишнома миёни  Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, маорифи тиб ва илм омода кардааст», — гуфта мешавад дар иттилоия.

Ба гуфтаи вазир, донишгоҳҳои тиббии Россия ба қабули донишҷӯён аз Тоҷикистон омодаанд. Ба ғайр аз ин Мурашко пешниҳод намуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии тобеи Вазорати тандурустии Россия таҷрибаомӯзии шаклҳои гуногун ташкил карда шавад.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Федератсияи Россия, дар муассисаҳои таълимии тобеи кишвар  2076 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар бахшҳои бакалавр, мутахассис ва магистратура таҳсил мекунанд, ки нисбат ба панҷ соли пеш қариб 40 фоиз бештар аст.

АКС: Агентии «Москва»

Октябрь 19, 2022 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд