«МУАММОҲОИ МУОСИРИ ФИЗИКА». Дар Институти физикаю техника конференсияи VIII байналмилалӣ баргузор шуд

Октябрь 24, 2022 16:00

ДУШАНБЕ, 24.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21—22 октябр дар Институти физикаю техникаи ба номи С.Умаров конференсияи VIII байналмилалии «Муаммоҳои муосири физика» баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар институти мазкур.

Дар конференсия дар бахшҳои физикаи атмосфера, тағйирёбии иқлим ва энергияи таҷдидшаванда, пажӯҳиш дар риштаи муҳитҳои конденсӣ, нанотехнология ва маводи нав, физика ва технологияи ҳастаӣ, физикаи назариявӣ ва системаҳои динамикӣ мубоҳисаҳои илмӣ сурат гирифтанд.

Ба конференсия зиёда аз 90 маводи илмӣ ворид шуданд, ки ба онҳо маърӯзаҳои илмии олимони хориҷӣ аз муассисаҳои илмӣ ва таълимии Федератсияи Россия, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Португалия, Ҷумҳурии Мардумии Чин низ шомил буданд.

Дар мубоҳисаҳои илмӣ хосиятҳои диэлектрикии маҳлулҳои обии электролитҳо, масъалаҳои сигналҳои фотоакустикии маводи сахт, динамикаи молекулавии падидаҳои наномиқёс дар таҳқиқи маводи доругӣ ва маводи нав, хосиятҳои фавқулноқилҳои як ва ду-соҳавӣ, ташаккули объектҳои наноандоза дар монокристаллҳои кремний, усулҳои ҳисоб кардани сохтори электронии маводҳои нанокомпозитӣ, моделсозии динамикӣ-молекулавии устувории сохтории перовскитҳо ҳамчун асоси унсурҳои офтобӣ, истифодаи комплексии манбаъҳои барқароршавандаи энергия, моделсозии системаҳои квантӣ бо спини баланд, воридшавии чангу ғубор дар қисмати ҷанубӣ ва марказии Тоҷикистон, таҳлили консентратсияи ҷузъҳои карбон дар аэрозолҳои атмосфера, таҳқиқот оид ба консентратсияи металлҳои вазнин дар растаниҳои шифобахши Тоҷикистон ва хосиятҳои биологии металлҳои омӯхташуда, технологияи истифодаи антратсит барои истеҳсоли маводи карбон, экспедитсияи илмии «Помир-2022», ҳисобкунии коэффисиенти гармии хӯлаҳои алюминий, таъсири мутақобилаи дохилимолекулярӣ дар пайвастагиҳои гетеросиклӣ ва ғайра муҳокима шуданд.

Аз миёни онҳо беш аз 20 маърӯзаи олимони хориҷӣ тариқи маҷозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бояд гуфт, ки ин ҷамъомади илмӣ аз соли 2008 оғоз ёфта, ба таври анъанавӣ дар солҳои ҷуфт доир карда мешавад. Дар он ҳар ду сол олимони соҳаи физикаю техника пажӯҳиши худро ба баррасии илмӣ пешниҳод мекунанд.

АКС: Институти физикаю техникаи ба номи С.Умаров

Октябрь 24, 2022 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид