Мутахассисони «Тоҷикаэронавигатсия» қариб ба 50 ҳазор ҳавопаймои ватанӣ ва хориҷӣ хизмат пешниҳод намуданд

Октябрь 20, 2022 15:56

ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисону кормандони Корхонаи воҳиди давлатии  /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия» соли равон қариб ба 50 ҳазор ҳавопаймои ширкатҳои гуногуни ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ хизмати аэронавигатсионӣ пениҳод намуданд.

Ин нуктаро Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода  дар ҷаласаи ҷамъбастие, ки зимни он фаъолияти хоҷагиву истеҳсолии корхона дар нуҳ моҳи соли равон натиҷагирӣ гардид, зикр намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба КВД «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад, дар ин давра долони нави ҳавоии FUNSE ва хатсайри ҳавоии Z767 ифтитоҳ гардида, таҷдиду навсозии якчанд таҷҳизоти фаннӣ ва таъмини барномавии муосири таҷҳизоти корхона амалӣ гардид.

Ҳамзамон доир ба комёбиҳои корхона дар ин давра ва омилҳои нави хавасмандгардонӣ, ки ба беҳбуди сифати фаъолият ва истироҳати коргарон нигаронида шудаанд, табодули назар сурат гирифт.

Гуфта шуд, ки вазъи кунунии фаъолияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» аз манфиатоварии босуботи корхона, устувории он, сари вақт пардохт намудани андозҳо ба буҷети давлатӣ  ва музди кормандон шаҳодат медиҳад. Илова бар ин, барои рушди воҳидҳои сохтории корхона фонди молиявии ҷамъшаванда таъсис дода шуда, сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ вобаста ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосир тамоюли беҳтар ва рушд дорад.

Дар ҷаласа инчунин муовини Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азиз Набизода  ба фаъолияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия»  ва  рушди иқтидори истеҳсолию иқтисодии корхона, дар маҷмӯъ авиатсияи ватанӣ баҳои баланд дод. Набизода афзуд, ки КВД «Тоҷикаэронавигатсия» сохтори устувортарин ва рушёбандаи авиатсияи граждании кишвар  мебошад. Таъкид шуд, ки корхона «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025»-ро мунтазам амалӣ  ва  технологияҳои наву муосирро муваффақона  ҷорӣ намуда, ба омода намудани кадрҳои ҷавон ва бозомӯзии мутахассисони собиқадор таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

          АКС: КВД «Тоҷикаэронавигатсия»

Октябрь 20, 2022 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид