Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми адибони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ қадрдонӣ гардид

Октябрь 20, 2022 14:25

ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 октябр дар шаҳри Тошканд бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Узбекистон аввалин Форуми адибони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он аз Тоҷикистон хабарнигори рӯзномаи «Халқ овози» ва Радиои «Овози тоҷик» Зуҳриддин Умаров низ иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Форуми адибони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ намояндагони Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат варзиданд.

Дар маросими кушодашавии аввалин Форуми адибони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ раиси Иттифоқи нависандагони Узбекистон, Шоири халқии Узбекистон Сироҷиддин Сайид, Қаҳрамони Узбекистон, адабиётшиноси барҷаста Иброҳим Ғафуров ва дигарон иштирок намуда, иброз доштанд, ки ин ҳамоиш ба рушди муносибатҳои дӯстиву бародарии кишварҳои минтақа, беҳтар ба роҳ мондани ҳамкории адабӣ ва тарғибу ташвиқи фарҳанги ҳамдигар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Дар форум таъкид шуд, ки дӯстиву бародарии адибони барҷастаи узбеку тоҷик, ба мисли Ғафур Ғулом, Ойбек, Шароф Рашидов, Зулфия, Абдулло Орифов, Эркин Воҳидов бо Мирзо Турсунзода, Мӯмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ маҳз дар заминаи вохӯриву суҳбатҳои эшон дар чунин ҳамоишҳо ба вуҷуд омадаанд.

Изҳори умед карда шуд, ки иштирокдорони ҳамоиш бо ҳамсолони худ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дӯстӣ барқарор намуда, минбаъд дар тарғиб, ташвиқ ва тарҷумаи асарҳои ҳамдигар ба забонҳои дигар талош менамоянд.

Намояндаи Тоҷикистон Зуҳриддин Умаров иброз дошт, ки «солҳои охир ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар заминаи сиёсати хирадмандонаи сарони ду кишвари бо ҳам дӯст — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба сатҳи сифатан нав бароварда шуд. Натиҷаи ин ҳамкориро дар соҳаи адабиёт низ мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ҷумла, дар ду давлат рӯзҳои фарҳангӣ баргузор гардида, дар доираи он вохӯрии адибони ҳарду кишвар ташкил гардиданд».

Зикр шуд, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Самарқанд муҷассамаҳои Ҷомӣ ва Навоӣ гузошта шуданд.

Ҳамчунин солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Тошканд ва солгарди Қаҳрамони Узбекистон, Шоири халқии Узбекистон Эркин Воҳидов дар Душанбе баргузор гардиданд.

Дар кори форум аз ҷониби иштирокдорон қироати шеър ва аз ҷониби шоиру нависандагони барҷаста дарсҳои маҳорат сурат гирифтанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокдорон, аз ҷумла намояндаи Тоҷикистон Зуҳриддин Умаров низ бо сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 20, 2022 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд