ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар ноҳияҳои Тоҷикистон то 8-10 дараҷа паст шудани ҳарорати рӯзона дар назар аст

Октябрь 19, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 19.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сарду намнок дар ноҳияҳои водигӣ пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа дар назар аст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа  гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ва дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои ҷанубии вилоят тӯфон ва чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок дар назар буда, дар водиҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат пешгӯӣ мешавад. Рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони пуршиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои абрнок дар назар буда, рӯзона дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8,  дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10+12 дараҷа ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 19, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад
Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 8100 гектар пунбадона кишт намуданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад