ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои қисман абрнок мешавад

Октябрь 31, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 31.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои қисман абрнок шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон меборад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа  гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм,  рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои  қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо  борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11  дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9+11 дараҷа ва рӯзона 19+21 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 31, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтидори кишоварзии Тоҷикистон дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии ФАО дар Душанбе муаррифӣ карда шуд
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд
ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён