ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Октябрь 29, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 29.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориш ба амал меояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борону барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 5 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа  гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук,  рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо асосан бебориш  мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11  дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9+11 дараҷа ва рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 29, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд