Олимон аз давлатҳои ИДМ ва хорҷии дур дар Конференсияи байналмилалии «Масъалаҳои муосири физика» дар Душанбе ҷамъ меоянд

Октябрь 19, 2022 12:35

ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Олимони физики ватанӣ, инчунин аз давлатҳои ИДМ ва хориҷи дур дар шаҳри Душанбе дар конфронси VIII байналмилалии «Масъалаҳои муосири физика», ки 21-22 октябр ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор мешавад, ҷамъ меоянд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” дар Институти физикаю техникаи ба номи С.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷамъомади илмӣ ба таври анъанавӣ аз соли 2008 баргузор мешавад. Олимони соҳаи физикаю техникӣ тадқиқоти худро барои баррасӣ  пешниҳод менамоянд.

Мубоҳисаҳои илмӣ дар конфронс дар чанд бахш: «Тағйирёбии иқлим ва мушкилоти об», «Масъалаҳои энергияи барқароршаванда ва ғайрианъанавӣ» ва ғайра баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар мамлакати мо барои тадқиқоти илмӣ шароити хуб фароҳам оварда шудааст, пеш аз ҳама, ин ҷалби ҷавонон ба таълим ва равандҳои таълимӣ-тадқиқотӣ мебошад. Инкишофи илм бе муҳокимаи илмӣ, ҳамчун воситаи муҳокима ва ҷустуҷӯи ҳақиқат дар раванди тадқиқи масъалаҳои  илмӣ имконнопазир аст. Онҳо ҳамсафари доимии олимон буда, барои ҳалли онҳо роҳу усул ва воситаҳои гуногуни тадқиқот пешниҳод карда мешаванд. Ҳамчунин ба воситаи машварату симпозиумҳо, конференсияҳои илмӣ ба  ҷомеаҳои илмӣ пешниҳод намудани натиҷаҳои тадқиқоташон мебошад.

АКС: Институти физикаю техникаи ба номи С.Умаров

Октябрь 19, 2022 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад