«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид

Октябрь 15, 2022 12:05

ДУШАНБЕ, 15.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Меҳргон- мероси пурарзиши аҷдодон ва яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву ҳувияти миллии мо бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Инчунин дар ин рӯз Фестивал-намоиши маҳсулот  ва техникаҳои кишоварзӣ ва Иди асал низ доир шуд. Дар ин ҷашнгоҳ кишоварзони мамлакат бо манора ва ороиши махсус навъҳои гуногуни зироат, меваву сабзавот ва полезиҳо, аз қабили харбузаву тарбуз, ангур, хурмою анор  ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзиро пешниҳод намудаанд, ки  сарзамини биҳиштӣ будани Тоҷикистонро бори дигар нишон медиҳад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ҳамоиш бо ташаббуси  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти   иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир шуд.

Деҳқонони мамлакат аз  тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, меваҷот, сабзавот, асали табиӣ, техникаю мошинолот, ихтирооти вобаста ба соҳаро  пешниҳоди иштирокдорон намуданд. Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ  омода гардида, манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардиданд. Дар гӯшаи дигари боғ ҳунарҳои мардумӣ  ба намоиш гузошта шудаанд, ки ҳар кадоми он ифодагари меҳнати дастии ҳунармандон буда, аз завқу маҳорат ва таърихи бой доштани ҳунармандӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳад. Сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе барои боздид аз намоиши пуршукӯҳи имрӯза гурӯҳ-гурӯҳ ба боғ ворид шуда, аз тамошои неъматҳои пурсахои сарзамини хеш баҳра мебурданд.

Дар намоиши мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиëзода, сардори Раëсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мирзодавлат Сабурзода, Вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ Каримзода, намояндагони Ҳукумати  мамлакат, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории иди мазкур- тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши навъҳои гуногуни меваҷоту сабзавот ва аз таҷрибаи деҳқонон баҳра бурдан аст.

Дар нуҳ моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1411,4 ҳазор тонна, пахта- 191,2 ҳазор тонна, картошка- 774,9 ҳазор тонна, сабзавот- 2201,8 ҳазор тонна, полезӣ- 754,2 ҳазор тонна, мева- 361,3 ҳазор тонна, ангур- 216,6 ҳазор тонна, гӯшт- 185,2 ҳазор тонна, шир- 660,3 ҳазор тонна, тухм- 902,7 млн. дона, пашм- 6842 тонна, пилла- 393 тонна ва моҳӣ ба 2100 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли ғалладонагиҳо- 9,4 фоиз, пахта- 1,8 фоиз, сабзавот- 4,8 фоиз, полезӣ- 4,4 фоиз, мева- 19,1 фоиз, ангур- 16,6 фоиз, гўшт- 5,9 фоиз, шир- 2,2 фоиз, тухм- 21,1 фоиз, пашм- 4,1 фоиз, асал- 3,9 фоиз ва моҳӣ 1,5 баробар зиёд гардидааст.

Тибқи маълумоти Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии Вазорати кишоварзӣ, давоми 9 моҳи соли 2022 ба хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ 1180 адад техникаву мошинолоти кишоварзӣ ворид гардиданд, ки аз он 548 адад трактори гуногунтамға буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 91 трактор зиёд мебошад.

Дар ҷашни Меҳргон инчунин намоиш ва фурӯши навъҳои гуногуни асали занбӯрпарварони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардид.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 октябри соли равон  дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли асал ба 3928,4 тонна расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 фоиз зиёд аст.

Зикр шуд, ки ҷашни Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон ҷойгоҳи ба худ хос дошта, мардуми мо арзишҳои волои онро дар хотираи таърхии хеш на танҳо чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз кардаанд, балки сарфи назар аз фишори аҷнабиён  давоми ҳазорсолаҳо расму оини худро вобаста ба талаботи давру замон васеъ таҷлил мекарданд.

Бояд гуфт, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Маҳз таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гиромидошт ва эҳёи ҷашнҳои миллӣ буд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат Меҳргон аз нав бо тамоми шаҳоматаш эҳё ва ба қатори беҳтарин ҷашнҳои миллӣ ворид гардид ва ҳар сол ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Алҳол аҳли шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба ифтихори Меҳргон ҷашнҳои бузург меороянд ва дастурхонҳояшонро бо анвои меваҳо, тарбузу харбуза, сабзаҷот ва хӯришҳои дигар ороста, дар атрофи хони пурнозу неъмат таронасароӣ ва рақсу бозӣ мекунанд.

Мардум ҷашни Меҳргонро бо нияте баргузор менамоянд, ки ҳамасола ҳосили деҳқониашон фаровон гардад, рӯзгорашон  осудаю молу ҳолашон  бегазанд бошад, хайру баракат аз хонадонашон канда нашавад ва Худои мутаол онҳоро аз балоҳо нигаҳ дорад.
Имрӯз Меҳргон ҷашни кишоварзон, ҳосилу фаровонии неъмати деҳқонӣ, баракати рӯзгор ва хушии  мардуми фарҳангсиришту заҳматпешаи Тоҷикистон аст.

Дар ҷашнгоҳ таваҷҷуҳи сокинон ба асалҳои пешниҳоднамудаи асалпарварон бештар равона гардида буд. Зеро дар баробари пешниҳод гардидани навъҳои асали табиӣ, инчунин тамоми техникаи парвариши асал ва таҷҳизоти истифодагардида ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

Сокинон ва меҳмонони пойтахт асали тозаи табииро бо нархи арзон харидорӣ намуданд. Инчунин аз тавсияи олимон низ баҳраманд гардиданд.

Бояд гуфт, ки асал яке аз маҳсулоти табиии ғизоӣ ва воситаи беҳтарини табобатиест, ки ҳазорсолаҳо инҷониб мавриди истифодаи башарият қарор гирифтааст. Ҳанӯз зиёда аз ҳазор сол пеш пири ҳакимони машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино дар китоби «Қонуни тиб» асалро дар қатори дигар маводи табобатӣ зикр намуда, чунин гуфта буд: «Беҳтарин ангубин он аст, ки ба ростӣ ширин ва хушбӯй бошад, ба тезию сурхӣ бигарояд, сахт буда, начандон тунуку часпак бошад, ки бурида нагиранд. Ангубин зудоянда буда, даҳони рагҳоро бикшояд, рутубатҳоро аз қаъри тан бикашад».

Пешрафти соҳаи тиб нишон дод, ки дар қатори асал прополис, шири модаршоҳ ва гарди заҳри занбӯри асал низ давои беҳтарин барои бемориҳои гуногун мебошад. Имрӯзҳо дар кишварҳои пешрафтаи олам бо усули занбӯршифоӣ, яъне бо роҳи занбӯргазонӣ табобат намудани беморон  мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст.

Дар ҷамъбасти намоиш ба кишоварзони фаъол аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат Ифтихорнома ва туҳфаҳо тақдим гардиданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Октябрь 15, 2022 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе лоиҳаи буҷети пойтахт барои соли 2025 баррасӣ мешавад
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон даври омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро хатм намуданд
Ҳайати меъморон ва сохтмончиёни вилояти Фарғонаи Узбекистон барои омӯзиши таҷрибаи шаҳрсозӣ ба Душанбе омад
Иҷлосияи бисту якуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур дар рӯзҳои сарди зимистон шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид
Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
ДУШАНБЕ – ШАҲРЕ, КИ ҲАР РӮЗУ СОАТ ЗЕБОТАРУ ДИЛРАБОТАР МЕШАВАД. Дар пойтахт бунёди 9 роҳи дусатҳаи дигар ба нақша гирифта шудааст
Доир ба нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон конференсия баргузор гардид
Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН. Дар сардхонаҳои махсуси шаҳри Душанбе 18 238,3 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ захира гардидааст