ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид

Октябрь 24, 2022 10:19

ДУШАНБЕ, 24.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ ярмарка-фурӯшҳои маҳсулоти ғизоӣ баргузор мегарданд. Аз ҷумла, рўзи шанбе, 22 октябр дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд, ки Раиси вилояти Раҷаббой Аҳмадзода аз он дидан намуд.

Раиси вилояти Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин барои дар сатҳи баланд ташкил намудани ярмарка-фурӯши маҳсулоти ғизоӣ дастуру супориш дода, зикр кард, ки чиҳати захира барои зимистон ба сокинон беҳтарин маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод карда шавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти нисбатан арзон ва захира намудани хўрока барои зимистон ташкил карда мешаванд.

Дар ин ярмарка-фурўшҳо аз ҷониби кишоварзони вилоят ва корхонаҳои саноатӣ маҳсулоти зарурӣ, аз ҷумла орду равған, биринҷ, пиёзу картошка, сабзӣ, картошка, макарон, меваҷот, полезиҳо, гӯшти мурғ, гӯшти гов, тухм, шакар, шириниҳо, нон ва маҳсулоти нонӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешниҳоди сокинон гардонида мешавад. Сокинон имкон пайдо менамоянд, ки барои захираи зимистон маводи лозима бо нархҳои дастрас харидорӣ кунанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 24, 2022 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд