ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон зеристгоҳҳои барқии 35/10 кВ таъмири ҷорӣ ва 31 трансформатори нав насб шуд
ТУРСУНЗОДА, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Филиалҳои ҶСК Шабакаи тақсимоти барқ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 дар асоси нақшаи чорабиниҳо, ки иборат аз 20 банд мебошад, омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд. То имрӯз дар 15 шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зеристгоҳҳои барқии 35/10 кВ таъмири ҷорӣ гардида, ҷиҳати кам кардани талафоти қувваи барқ 31 адад трансформатори нав насб карда шудааст. Ҳамзамон қисме аз трансформаторҳои иқтидорашон паст бо трансформаторҳои иқтидорашон баланд иваз карда шудаанд. Дар ин давра ба трансформаторҳои қудратию иқтидорашон паст дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мувофиқи меъёри муайяншуда равған илова карда шуд, ки миқдори он зиёда аз 14 ҳазор литр мебошад.
Дар ин бора сардори шуъбаи истеҳсоли техникии филиали ҶСК Шабакаи тақсимоти барқ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Мирсангин ИБРОҲИМЗОДА ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.
Кормандони филиали ҶСК Шабакаи тақсимоти барқ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои таъмини сокинон бо барқи хушсифат дар фасли зимистон дар ин рӯзҳо ба таъмири трансформаторҳо ва санҷиши хатҳои барқу тоза намудани онҳо аз навдаҳои дарахтон сафарбар гардида, кӯшиш доранд дар фасли зимистон ягон мушкилӣ сабаби бебарқӣ нагардад. Дар айни замон шароити кормандони шабакаҳои барқи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хуб буда, онҳо бо либосҳои махсуси корӣ, таҷҳизоти алоқавӣ ва зимни навбатдории шабонарӯзӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар шароити зарурӣ таъмин мебошанд.
Мутахассисони филиали ҶСК Шабакаи тақсимоти барқ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гуфтанд, ки дар ин муддат дар навоҳии тобеи марказ 600 адад пояҳои пӯсида бо пояҳои бетонӣ иваз карда шуданд. Ду адад транформатори пурбори 630кВА-и шаҳри Роғун бо трансформатори 1000кВА иваз гардид. Зиёда аз 17,7 километр ноқилҳои пӯлодӣ бо ноқилҳои алюминӣ иваз карда шуда, 2833 адад муҳофизакҳои намуди ПН насб карда шуданд.
Ба хотири бе душворӣ паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 барои мутахассисони шабакаҳои барқи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, онҳо бо зиёда аз ҳазор ҷуфт либоси кории зимистона ва пойафзолҳои корӣ таъмин карда шуданд.
Дар ин рӯзҳо дар шабакаҳои барқи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои таъмирӣ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистон муташаккилона идома доранд. Дар ин давра навбатдории шабонарӯзӣ ва бригадаҳои иловагӣ ташкил ва назорат ҷиддӣ карда шудааст, то садамаҳои рухдода сари вақт бартараф гарданд.
Барои бартараф кардани камбудиҳо ва кам кардани талафоту ҷамъоварии пурраи маблағи истифодаи неруи барқ дар шаҳри Ҳисор ба таври ройгон аз тарафи кормандони филиали ҶСК Шабакаи тақсимоти барқ дар истгоҳҳои трансформаторӣ ҳисобкунакҳои барқӣ насб карда истодаанд. Ҳисобкунакҳои барқиро аз хонаҳои муштариён ба роҳи маҳаллаҳо бароварда, насб доранд. Ин гуна амал дар шаҳри Роғун низ идома дорад.
АКС: Шабакаҳои барқи шаҳри Турсунзода








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






