ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон зеристгоҳҳои барқии 35/10 кВ таъмири ҷорӣ ва 31 трансформатори нав насб шуд

Октябрь 19, 2022 10:11

ТУРСУНЗОДА,  19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Филиалҳои ҶСК Шабакаи тақсимоти барқ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023  дар асоси нақшаи чорабиниҳо, ки иборат аз 20 банд мебошад,  омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд. То имрӯз дар 15 шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зеристгоҳҳои барқии 35/10 кВ таъмири ҷорӣ гардида, ҷиҳати кам кардани талафоти қувваи барқ 31  адад трансформатори нав насб карда шудааст. Ҳамзамон қисме аз трансформаторҳои иқтидорашон паст бо трансформаторҳои иқтидорашон баланд иваз карда шудаанд. Дар ин давра ба  трансформаторҳои қудратию иқтидорашон паст дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мувофиқи меъёри муайяншуда равған илова карда шуд, ки миқдори он  зиёда аз 14 ҳазор литр мебошад.

Дар ин бора сардори шуъбаи истеҳсоли техникии филиали ҶСК Шабакаи тақсимоти барқ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Мирсангин  ИБРОҲИМЗОДА ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.     

Кормандони филиали ҶСК Шабакаи тақсимоти барқ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои таъмини сокинон бо барқи хушсифат дар фасли зимистон  дар ин рӯзҳо ба таъмири трансформаторҳо ва санҷиши хатҳои барқу тоза намудани онҳо аз навдаҳои дарахтон сафарбар гардида, кӯшиш доранд дар фасли зимистон ягон мушкилӣ сабаби бебарқӣ нагардад. Дар айни замон шароити кормандони шабакаҳои барқи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  хуб буда, онҳо бо либосҳои махсуси корӣ, таҷҳизоти алоқавӣ ва зимни навбатдории шабонарӯзӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ  ва дигар шароити зарурӣ таъмин мебошанд.

Мутахассисони филиали ҶСК Шабакаи тақсимоти барқ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гуфтанд, ки дар ин муддат дар навоҳии тобеи марказ 600 адад пояҳои пӯсида бо пояҳои бетонӣ иваз карда шуданд. Ду адад транформатори пурбори 630кВА-и шаҳри Роғун бо трансформатори 1000кВА  иваз гардид.  Зиёда аз 17,7 километр ноқилҳои пӯлодӣ бо ноқилҳои алюминӣ иваз карда шуда, 2833 адад муҳофизакҳои намуди ПН  насб карда шуданд.

Ба хотири бе душворӣ паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023  барои мутахассисони шабакаҳои барқи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, онҳо бо зиёда аз ҳазор ҷуфт либоси кории зимистона ва пойафзолҳои корӣ таъмин карда шуданд.

Дар ин рӯзҳо дар шабакаҳои барқи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои таъмирӣ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистон муташаккилона идома доранд. Дар ин давра навбатдории шабонарӯзӣ ва бригадаҳои иловагӣ ташкил ва назорат ҷиддӣ карда шудааст, то садамаҳои рухдода сари вақт бартараф гарданд.

Барои бартараф кардани камбудиҳо ва кам кардани талафоту ҷамъоварии пурраи маблағи истифодаи неруи барқ дар шаҳри Ҳисор ба таври ройгон аз тарафи кормандони филиали ҶСК Шабакаи тақсимоти барқ  дар истгоҳҳои трансформаторӣ ҳисобкунакҳои барқӣ насб карда истодаанд. Ҳисобкунакҳои барқиро  аз хонаҳои муштариён ба роҳи маҳаллаҳо бароварда, насб доранд. Ин гуна амал дар шаҳри Роғун низ идома дорад.

АКС: Шабакаҳои барқи шаҳри Турсунзода

Октябрь 19, 2022 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия ҳамоиш доир шуд
Дар Бадахшон хизматчиёни давлатӣ соҳиби хонаҳои хизматӣ гардиданд
Бунёди бинои баландошёна дастрасии сокинони шаҳри Хоруғро ба манзили истиқоматӣ осон мегардонад
Ҳайати Корея бо сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон шинос шуд
Масъалаи дар асоси шартнома бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
«ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН-НЕРУИ БУЗУРГУ ПЕШБАРАНДА». Дар Хуҷанд ба муносибати солгарди таъсиси ҳизб ҷаласаи тантанавӣ доир гардид
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, чангу ғубор ба амал меояд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва муқовимат ба коррупсия конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми миллии волонтёрон мегузарад
Ҳилолбӣ Қурбонзода дар Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба анҷоми раёсати Қазоқистон дар Муколамаи занони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ҲАФТАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Дар Душанбе бахшида ба 75- солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мизи мудаввар баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон байни сарбозону афсарон ва ҷавонони синни тодаъватии шаҳри Норак вохӯрӣ доир гардид