ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Техникаву механизм ва захираи маводи зиддилағжишу сӯзишвории «IRS» аз тайёрии ҷиддӣ ба мавсими сармо дарак медиҳанд

Октябрь 27, 2022 09:53

ДУШАНБЕ, 27.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дида, дар ин раванд ҳолати техникаву механизм ва захираи маводи зиддилағжишу сӯзишворӣ авлавият дорад. Илова бар ин, кормандон бо либосҳои зимистона таъмин шуда, барои фаъолияти муназзами онҳо дар макони мустақар дар ҳаҷми зарурӣ ангишт ва ҳезум дастрас шудааст.

Дар ин бора дар маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагии Варзоб 3700 тонна маводи зиддилағжиш, 315 тонна намак, 91420 литр сӯзишвории дизелӣ, 40 тонна ангишт, 10 метри кубӣ ҳезум, 4100 литр равғани молиданӣ, 2500 литр антифриз, 154 автошина, 38 аккумулятор захира карда шуда, 44 техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда дар ҳолати омодабош қарор доранд»,- илова кард манбаъ.

Дар намояндагии Зарафшон низ ба мавсими сармо ҷиддӣ омодагӣ дидаанд. Захира шудани 5307 тонна маводи зиддилағжиш , 350 тонна намак, 43100 литр сӯзишвории дизелӣ, 1500 литр равғани молиданӣ, 1100 литр антифриз, 26 аккумулятор 100 автошина, 20 тонна ангишт, 15 метри кубӣ ҳезум, 132 ҷуфт либоси зимистона шаҳодати ин гуфтаҳост. Дар ин минтақа 31 техникаи махсус ба мавсими тирамоҳу зимистон омода мебошанд.

Чунин тарзи муносибат дар намояндагии филиали ширкат дар минтақаи Суғд низ ба роҳ монда шуда, 3200 тонна маводи зиддилағжиш, 347 тонна намак, 85720 литр сӯзишвории дизелӣ, 1075 литр равғани молиданӣ, 905 литр антифриз, 165 автошина, 33 аккумулятор, 298 ҷуфт либоси зимистона, 24 тонна ангишт, 20 метри мураббаъ ҳезум захира шудааст. 43 адад техникаву механизми марбут ба намояндагии зикршуда ба мавсими зимистон пурра омодаанд.

Нишондиҳандаҳои мазкур дар муқоиса ба солҳои қаблӣ тамоюли афзоиш касб намуда, ин ҷанба имкон фароҳам меорад, ки рисолати филиали ширкат — нигоҳдории роҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад. Илова бар ин, дар масири роҳ 12 хонаи устои роҳ ташкил шудааст, ки дар онҳо барои кормандони филиали ширкат тамоми шароит фароҳам аст.

Муҳим он аст, ки дар хонаҳои устои роҳ имкони муваққатан ҷойгир намудани ронандагоне, ки воситаи нақлиёташон нуқси техникӣ пайдо кардааст ва шаҳрвандон, дар навбати аввал занон ва кӯдакони хурдсол ҳангоми тӯл кашидани бартарафсозии тармаҳо мавҷуд мебошад. Хонаҳои зикршуда дар минтақаи Варзоб дар километрҳои 33, 51, 62, 73, дар минтақаи Зарафшон дар километрҳои 81,103, 131, 160 ва дар минтақаи Суғд дар километрҳои 181, 237, 289 ва 322 ҷойгир мебошанд.

Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»  дар Тоҷикистон

Октябрь 27, 2022 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПОМИРИНВЕСТ-2026». Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ 57 тафоҳумнома ба маблағи беш аз 6,5 миллиард сомонӣ ба имзо расид
Дар «Помиринвест-2026» иқтидори истеҳсолию саноатии Бадахшон муаррифӣ гардид
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» чор ҳавопаймои Airbus A320neo дастрас менамояд
Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории техникӣ оид ба татбиқи Стратегияи рушди соҳаи алоқа доир шуд
«Стратегияи идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва «Маркази минтақавии идоракунии партовҳо дар шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Дар шаш моҳ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 5 миллиард доллар молу маҳсулот ворид гардидааст
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Тоҷикистон 114,3 фоиз иҷро гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкорӣ ва рушди тиҷорати электронии Роҳи абрешим иштирок намуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо шаҳри Чонгчини Чин густариш медиҳад
Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ оид ба танзими нархи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ ҷаласаи Ситоди доимӣ доир шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамоиши техникӣ баргузор гардид
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони GGGI рушди маблағгузории устуворро баррасӣ намуданд