«ПАРЛАМЕНТҲОИ ҶАВОН – НИГОҲ БА ОЯНДАИ ИТТИҲОД». Дар Самарқанд таҳти ин унвон ҳамоиши байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои ИДМ доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон бахшида ба 30-солагии таъсиси ин созмон таҳти унвони «Парламентҳои ҷавон – нигоҳ ба ояндаи Иттиҳод» ҳамоиши байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид, хабар дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Самарқанд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз ҳайати расмии Парлумони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ), ҷаласаи пленарии 54-уми АБ ИДМ ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд.
Дар кори ҳамоиш декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нурулло Қурбонализода, сардори Раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарлумонӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Наҷибулло Оқилзода ва сармутахассиси раёсати мазкур Абдусамад Эсанқулов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сардори Раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарлумонӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Наҷибулло Оқилзода ва декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нурулло Қурбонализода зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки Тоҷикистон зери сиёсати оқилонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини зиндагии шоиста ба ҷавонон, аз ҷумла омўзиши илму ҳунар ва ташаккули тарзи ҳаёти солим барои онҳо тадбирҳои муассир меандешад.
«Сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Барои татбиқи босамари сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва густариши ҳамкории байналмилалӣ тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст»,-зикр карданд номбурдагон.
Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Котиботи Шӯрои АБ ИДМ, таҳлилгарон ва дигарон ширкат доштанд.
Зикр шуд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳасанаи ҷавонони ИДМ ба густариши ҳамкории минбаъда заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Имрӯз ин ҳамкорӣ дар сиёсати давлатии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки мақсади асосии таъсиси ин Ассамблея- ҷалби ҷавонон ба раванди рушди ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ, фароҳам овардани шароити мусоид барои мубоҳиса ва мубодилаи таҷрибаи ҷавонон дар фаъолияти парлумонӣ ва намояндагӣ аз ташкилоти ҷавонон, шинос кардани ин қишр бо дипломатияи парлумонӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, фаъол будан дар ҷамъият ва ҷомеаи шаҳрвандии насли ҷавони Иттиҳод мебошад.
Акс: МН МО ҶТ








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






