Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои Кумитаи идораи заминро ифтитоҳ намуданд

Октябрь 23, 2022 08:29

ДУШАНБЕ, 23.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои Кумитаи идораи заминро ифтитоҳ намуда, бо шароити кории он шинос шуданд.

Бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи хеле зебо ва замонавӣ бунёд гардида, аз 2 ошёна, 10 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2021 оғоз гардида, дар он 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Аз руи тарҳ дар ошёнаи якуми бино ҳуҷраҳои корӣ барои кормандони идораи замин ва мутахассисони корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул бунёд гардидааст ва ҳамаи онҳо бо мизу курсӣ ва лавозимоти зарурии корӣ таъмин мебошанд.

Қаблан кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо сабаби набудани бинои алоҳидаи корӣ фаъолиятро дар иншооти куҳна идома медоданд. Акунан бо анҷоми тадбирҳои ободонӣ мушкилоти мавҷуда роҳи ҳалли худро пайдо намуд ва шароити хуби корӣ барои мутахассисон муҳайё карда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити фароҳамгардидаи иншооти навтаъсис ва таъмини дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ дар он ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулону кормандони соҳаро барои анҷоми хизматрасониҳои босифату сатҳи баланд вазифадор намуданд.
Ифтитоҳи бинои Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 23.10.2022

Октябрь 23, 2022 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 8 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд