Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Клуби инноватсионӣ ва фитнеси «Крокус фитнес»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 17.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Клуби инноватсионӣ ва фитнеси «Крокус фитнес»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти муҳташаму зебо бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, бо тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Тавре зимни боздид иттилоъ дода шуд, клуб барои машғулшавӣ ба навъҳои гуногуни варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва нигоҳдории зебоӣ имконияти зарурӣ фароҳам овардааст. Аз ҷумла, дар як вақт дар ин иншоот бештар аз 2 ҳазору 500 нафар метавонанд ба навъҳои гуногуни варзиш машғул шаванд ва бо онҳо мураббиёни ботаҷрибаву таҳсилдида машғулият мегузаронанд.
“Крокус фитнес” дорои се ҳавзи замонавии шиноварӣ буда, ҳавзи калони он имконият дорад, ки варзишгарони касбиро низ ба машғулият фаро гирад. Ҳамчунин барои занон як ҳавзи алоҳидаи оббозӣ ва барои кӯдакон ҳавзи махсус бунёд гардида, бо назардошти меъёрҳои санитарӣ ҳавзҳои шиноварӣ фаъолият менамоянд. Коркарди об дар 5 марҳила амалӣ гашта, инчунин ҳарорати муътадили дохили ҳавзҳо дар фасли зимистон бо истифода аз дастгоҳҳои муосири соҳавӣ муътадил нигоҳ дошта мешавад.
Дар дохили Клуби инноватсионӣ ва фитнеси “Крокус фитнес” толори барҳавову замонавии варзишӣ барои машғулшавӣ ба тамринҳои омехта бунёд гардида, дар ин ҷо варзишгарон ва дӯстдорони тарзи ҳаёти солим метавонанд ба намудҳои варзиши бокс, муҳорибаи омехта, гӯштин, гимнастика машғул шаванд. Ин қисмати иншоот бо тамоми дастгоҳ ва шароити зарурӣ муҷаҳҳаз буда, барои кӯдакон дар дохили он клуби алоҳида фаъолият менамояд.
Дар маҷмӯъ, масоҳати бинои “Крокус фитнес” 7500 метри мураббаъро ташкил дода, он бахшҳои гуногуни машқу тамрин ва нигоҳдории солимиву зебоиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, дар дохили он ду толори барҳавову замонавӣ барои машғулшавӣ ба фитнес бунёд гардида, барои занон алоҳида толор ва барои мардон дар алоҳидагӣ фитнес-толорҳо ташкил гардидаанд. Танҳо дар дохили толори мардона 40 адад дастгоҳҳои машқу тамрини бадан насб гардида, бо варзишгарон ва дӯстдорони тарзи ҳаёти солим мутахассисони касбӣ машғулият мегузаронанд. Вижагии дигари фитнес-клуб дар он аст, ки дар дохили он бахши алоҳидаи “вела тринажор” ташкил гардида, машғулият дар он аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ бо истифода аз дастгоҳҳои инноватсионӣ гузаронида мешаванд. Бояд зикр кард, ки дар клуби мазкур таҷҳизоти комилан насли нави соҳавӣ васл гардида, онҳо аз маъруфтарин ширкати амрикоӣ харидорӣ шудаанд, ки ин имконият медиҳад хоҳишмандон дар фазои мусоиду мувофиқ ба талаботи байналмилалӣ тамрин намоянд.
Дар Клуби инноватсионӣ ва фитнеси “Крокус фитнес” бештар аз 100 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд, ки ҳамаи онҳо давоми чанд моҳ аз курсҳои бозомӯзӣ, ки бо иштироки мутахассисони соҳибмалака доир гардида буданд, гузаштаанд.
Дар таҳхонаи иншооти мазкур СПА-салон ташкил гардида, барои бонувон хизматрасониҳои гуногун вобаста ба нигоҳдории зебоии пӯсту рӯй, хизматрасониҳои косметологӣ ва навъҳои маҳс пешниҳод карда мешаванд.
Шаҳрвандон ҳамчунин метавонанд аз фаъолияти ҳамоми туркӣ, буғи хушк, саунаи финнӣ, ҳуҷраи барфӣ, саунаи русӣ ва саунае, ки намаки дохили он аз Ҳимолой оварда шудааст, истифода баранд ва ин имконият барои бонувон ва барои мардон дар алоҳидагӣ фароҳам мебошад.
Тамоми бахшҳои дохили “Крокус фитнес” дорои утоқҳои алоҳидаи ивазкунии сару либос ва истироҳат буда, онҳо бо ҷевонҳои замонавӣ, ки барои ҳар нафар дар алоҳидагӣ пешбинӣ гардидаанд, муҷаҳҳаз мебошанд.
Дар дохили маҷмааи мазкур ҳамчунин ошхонаи зебову замонавӣ фаъолият менамояд, ки дар он ҳам хӯрокҳои варзишӣ ва ҳам таомҳои аврупоӣ ба мизоҷон пешниҳод карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки “Крокус фитнес” шабакаи бузурги клубҳои инноватсионии фитнесиро дар кишварҳои мухталиф дар бар гирифта, ифтитоҳи он дар шаҳри Душанбе барои варзишгарон ва дӯстдорони тарзи ҳаёти солим туҳфаи бебаҳо ба ҳисоб меравад. Айни замон дар минтақа ин аввалин ва ягона иншооти варзишии “Крокус фитнес” буда, гувоҳи он аст, ки таваҷҷуҳ ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фароҳамсозии шароити замонавӣ барои машқу тамрини шаҳрвандон дар мамлакат хеле зиёд аст.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо 100 кас аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннию байналмилалӣ ва ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсонро бо маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ «Шифобахши Аср»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 муассисаи соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф ва 1 иншооти соҳаи варзиш шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдакро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ ба фаъолияти Корхонаи макарони «Руми Паста» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи орди ба номи Маҷид Ҳафизовро ифтитоҳ намуданд






