Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Клуби инноватсионӣ ва фитнеси «Крокус фитнес»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Октябрь 17, 2022 11:58

ДУШАНБЕ, 17.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Клуби инноватсионӣ ва фитнеси «Крокус фитнес»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти муҳташаму зебо бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, бо тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Тавре зимни боздид иттилоъ дода шуд, клуб барои машғулшавӣ ба навъҳои гуногуни варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва нигоҳдории зебоӣ имконияти зарурӣ фароҳам овардааст. Аз ҷумла, дар як вақт дар ин иншоот бештар аз 2 ҳазору 500 нафар метавонанд ба навъҳои гуногуни варзиш машғул шаванд ва бо  онҳо мураббиёни ботаҷрибаву таҳсилдида машғулият мегузаронанд.

“Крокус фитнес” дорои се ҳавзи замонавии шиноварӣ буда, ҳавзи калони он имконият дорад, ки варзишгарони касбиро низ ба машғулият фаро гирад. Ҳамчунин барои занон як ҳавзи алоҳидаи оббозӣ ва барои кӯдакон ҳавзи махсус бунёд гардида, бо назардошти меъёрҳои санитарӣ ҳавзҳои шиноварӣ фаъолият менамоянд. Коркарди об дар 5 марҳила амалӣ гашта, инчунин ҳарорати муътадили дохили ҳавзҳо дар фасли зимистон бо истифода аз дастгоҳҳои муосири соҳавӣ муътадил нигоҳ дошта мешавад.

Дар дохили Клуби инноватсионӣ ва фитнеси “Крокус фитнес” толори барҳавову замонавии варзишӣ барои машғулшавӣ ба тамринҳои омехта бунёд гардида,  дар ин ҷо варзишгарон ва дӯстдорони тарзи ҳаёти солим метавонанд ба намудҳои варзиши бокс, муҳорибаи омехта, гӯштин, гимнастика машғул шаванд. Ин қисмати иншоот бо тамоми дастгоҳ ва шароити зарурӣ муҷаҳҳаз буда, барои кӯдакон дар дохили он клуби алоҳида фаъолият менамояд.

Дар маҷмӯъ, масоҳати  бинои “Крокус фитнес” 7500 метри мураббаъро ташкил дода, он бахшҳои гуногуни машқу тамрин ва нигоҳдории солимиву зебоиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, дар дохили он ду толори барҳавову замонавӣ барои машғулшавӣ ба фитнес бунёд гардида, барои занон алоҳида толор ва барои мардон дар алоҳидагӣ фитнес-толорҳо ташкил гардидаанд. Танҳо дар дохили толори мардона 40 адад дастгоҳҳои машқу тамрини бадан насб гардида, бо варзишгарон ва дӯстдорони тарзи ҳаёти солим мутахассисони касбӣ машғулият мегузаронанд. Вижагии дигари фитнес-клуб дар он аст, ки дар дохили он бахши алоҳидаи “вела тринажор” ташкил гардида, машғулият дар он аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ бо истифода аз дастгоҳҳои инноватсионӣ гузаронида мешаванд. Бояд зикр кард, ки дар клуби мазкур  таҷҳизоти комилан насли нави соҳавӣ васл гардида, онҳо аз маъруфтарин ширкати амрикоӣ харидорӣ шудаанд, ки ин имконият медиҳад хоҳишмандон дар фазои мусоиду мувофиқ ба талаботи байналмилалӣ тамрин намоянд.

Дар Клуби инноватсионӣ ва фитнеси “Крокус фитнес” бештар аз  100 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд, ки ҳамаи онҳо давоми чанд моҳ аз курсҳои бозомӯзӣ, ки бо иштироки мутахассисони соҳибмалака доир гардида буданд, гузаштаанд.

Дар таҳхонаи иншооти мазкур СПА-салон ташкил гардида, барои бонувон хизматрасониҳои гуногун вобаста ба нигоҳдории зебоии пӯсту рӯй, хизматрасониҳои косметологӣ ва навъҳои маҳс пешниҳод карда мешаванд.

Шаҳрвандон ҳамчунин метавонанд аз фаъолияти  ҳамоми туркӣ, буғи хушк, саунаи финнӣ, ҳуҷраи барфӣ, саунаи русӣ ва саунае, ки намаки дохили он аз Ҳимолой оварда шудааст, истифода баранд ва ин имконият барои бонувон ва барои мардон дар алоҳидагӣ фароҳам мебошад.

Тамоми бахшҳои дохили “Крокус фитнес” дорои утоқҳои алоҳидаи ивазкунии сару либос ва истироҳат буда, онҳо бо ҷевонҳои замонавӣ, ки барои ҳар нафар дар алоҳидагӣ пешбинӣ гардидаанд, муҷаҳҳаз мебошанд.

Дар дохили маҷмааи мазкур ҳамчунин ошхонаи зебову замонавӣ фаъолият менамояд, ки дар он ҳам хӯрокҳои варзишӣ ва ҳам таомҳои аврупоӣ ба мизоҷон пешниҳод карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки “Крокус фитнес” шабакаи бузурги клубҳои инноватсионии фитнесиро дар кишварҳои мухталиф дар бар гирифта, ифтитоҳи он дар шаҳри Душанбе барои варзишгарон ва дӯстдорони тарзи ҳаёти солим туҳфаи бебаҳо ба ҳисоб меравад. Айни замон дар минтақа ин  аввалин ва ягона иншооти варзишии  “Крокус фитнес”  буда, гувоҳи он аст, ки таваҷҷуҳ ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фароҳамсозии шароити замонавӣ барои машқу тамрини шаҳрвандон дар мамлакат хеле зиёд аст.

Ифтитоҳи Клуби инноватсионӣ ва фитнеси “Крокус фитнес” дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 17.10.2022

Октябрь 17, 2022 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд