ПРЕЗИДЕНТИ ЭРОН БО РОҲБАРОНИ АГЕНТИҲОИ ИТТИЛООТИИ ОСИЁ ВА УҚЁНУСИЯ ВОХӮРД. Раиси ҶИЭ суханони Президенти Тоҷикистонро дар бораи нақши ВАО дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ тасдиқ намуд
ДУШАНБЕ, 25.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ бо ширкаткунандагони нишасти 18-уми Маҷмаи Умумии Созмони агентиҳои иттилоотии Осиё ва Уқёнуси Ором (OANA), ки дар Теҳрон ҷараён дорад, мулоқот намуд. Дар мулоқот ҳайати Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ширкат варзид.
OANA соли 1961 бо ташаббуси ЮНЕСКО таъсис ёфтааст. Дар айни замон ба ин созмон 44 агентии иттилоотии 33 кишвари Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором шомиланд.
Дар ҷаласаи 18-уми Маҷмаи Умумии созмон дар Теҳрон роҳбарони АМИТ «Ховар» (Тоҷикистон), ТАСС, РИА «Новости» (Россия), «Синхуа» (Чин), ИРНА (Эрон), «Yonhap» (Кореяи Ҷанубӣ), «Анадолу» (Туркия), «Киодо» (Япония), «Азертаҷ» (Озарбойҷон), VNA (Ветнам), МОНЦАМЭ (Муғулистон), «Antara» (Индонезия), «Вернама» (Малайзия) ва ғайра иштирок намуданд.
Иброҳим Раисӣ зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарони агентиҳои пешрафтаи минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар бораи талошҳои Эрон барои тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ ҳарф зада, ба нақши расонаҳо, ки ҷаҳони муосирро бидуни онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст, ишора намуд. «Мутаассифона, имрӯз террористону ифротгароён ВАО-ро ҳамчун воситаи ташаккули афкори ҷамъиятӣ барои мақсадҳои сиёҳу нопоки худ истифода мебаранд. Дар чунин шароит, ба гуфтаи Президенти Эрон, расонаҳо бояд манфиатҳои кишвари худро дифоъ кунанд, истиқлолияти давлати худ, ҳувият ва фарҳанги мардуми худро ҳифз намоянд ва барои ба ҳам наздик шудани мардум, густариши равобити дӯстона миёни кишварҳо кумак равонанд». Вай зарурати мубориза бо маълумоти бардурӯғ ва хабарҳои қалбакиро таъкид намуд.
Аслан, Роҳбари Эрон суханонеро, ки чанд рӯз қабл, аниқтараш 18 октябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” гуфта буданд, таъйид намуд.
Пешвои миллат Эмомали Рахмон дар конфронси Душанбе иброз намуданд, ки тайи солҳои охир доираи хатару таҳдидҳои аз терроризму ифротгароӣ бароянда мунтазам васеъ гардида, фаъолияти созмону гурӯҳҳои террористиву ифротгаро хусусияти афзояндаи фаромарзиву фаромиллӣ касб менамояд. Ба гуфтаи Сарвари давлат, бемории сироятии COVID-19 дар зарфи зиёда аз ду соли охир ва пайомадҳои он ҷараёни муқовимат бо ин таҳдидҳоро боз ҳам мушкил гардонида, раванди татбиқи Рӯзномаи 2030 ва дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди устувори онро дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон халалдор сохт.
«Гурӯҳҳои террористӣ аз чунин вазъи баамаломада суиистифода намуда, фаъолияти ифротгароӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба он, ташвиқ ва анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро густариш медиҳанд»,-изҳор намуданд Эмомалӣ Раҳмон.
Ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон, бидуни дарки ҳадафҳои аслии созмону гурӯҳҳои ифротиву террористӣ баъзе воситаҳои ахбори омма барои роҳбарони онҳо минбар ё дигар имконоти ибрози матлаб фароҳам меоранд. Президенти Тоҷикистон ҳамчунин зикр карданд, ки имрӯз созмону гурӯҳҳои ифротиву террористӣ зимни роҳандозии ҳадафҳои нопоки худ аз зарфияти технологияи иттилоотии пешрафта фаровон истифода мебаранд.
Тибқи таҳлилу пешбиниҳо, чунин вазъият дар минтақа ва кишварҳои алоҳидаи дунё дар оянда идома ёфта, ҳузур ва фаъолияти «ДОИШ» ва «Ал-Қоида» густариш меёбад.
«Бинобар ин зарурати таҳияи равишҳои нави инноватсионии муборизаи муштарак бар зидди терроризм, паҳншавии идеологияи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои муосир ба миён омадааст»,- хулоса намуданд Сарвари давлат.
ДАР АКСИ АВВАВЛ: мулоқоти иштирокчиёни ҷаласаи 18-уми Маҷмаи Умумии OANA бо Президенти ҶИЭ Иброҳим Раисӣ. Аз тарафи чап 12-ум – Директори АМИТ «Ховар»








Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид






