Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Октябрь 23, 2022 08:25

ДУШАНБЕ, 23.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо бардоштани парда аз болои лавҳа бинои нави Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои хуштарҳу замонавии марказ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва пудратчӣ ҶДММ «Ҷовидон-2010»-и шаҳри Кӯлоб бунёд ва бо таҷҳизоти корӣ ҷиҳозонида шудааст.

Дар ин бино маҷмуан 24 ҳуҷраи корӣ ва ёрирасон мавҷуд буда, барои маъмурият ва кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.

Бинои нави Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо шабакаи гармидиҳии мутамаркази дохилӣ васл карда шуда, ҳамчунин системаи коррезиаш низ дохилӣ аст.

Дар ошёнаи якуми бинои мазкур озмоишгоҳҳои бактреологӣ ва химиявӣ мавҷуданд, ки бо истифода аз дастгоҳҳои ИФА, заррабин, дастгоҳи мушаххаскунандаи миқдори нитрат дар маҳсулоти полезӣ, дастгоҳи махсус ва ҷевони тамизгардонӣ ба воситаи ҳавои хушк фаъолнокии маводҳои безараргардонӣ, муайян намудани равшании дохили биноҳо, муайян намудани миқдори нитрат дар полезиҳо, муайян намудани барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ, аз қабили домана, исҳоли хунин, бемориҳои шадиди меъдаю рӯда, таркиби шири модар, буғумдард ва ғайра мушаххас карда мешавад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мазкур барои сокинони ноҳия имкон фароҳам гардид, ки минбаъд барои мушаххассозии бемориҳо ба маркази вилоят нарафта, дар ҳамин ҷо аз ташхиси бемориҳои сироятӣ гузашта, маслиҳати табибонро барои табобати саривақтии беморӣ дарёфт намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити марказ аз пешниҳоди сатҳи баланди хизматрасонӣ, ки тавассути дастгоҳу таҷҳизоти муосир амалӣ карда мешаванд, изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани кору хизматрасонӣ ба масъулин ҳидоятҳо доданд.
Ифтитоҳи бинои нави Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 23.10.2022

Октябрь 23, 2022 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд