Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар шаҳри Кӯлоб соҳиби бинои муосир гардид
ДУШАНБЕ, 27.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бинои нави Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Бинои нав дар маҳаллаи Корвонгузари шаҳри Кӯлоб бо таври замонавӣ бунëд гардида, он аз 2 ошëна бо таҳхона иборат мебошад. Дар таҳхона ва ошёнаи якуми бино бахшҳои алоҳидаи ташхиси маҳсулоти ғизоӣ, озмоишгоҳҳои метрологии санҷиши воситаҳои ченак бо таҷҳизоти муосир ва шароити муосири корӣ, инчунин, китобхона ва дар ошёнаи дуюми бино ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлисгоҳ ва қабулгоҳи роҳбарияти раёсат ҷойгир карда шудаанд.
Дар гулгашти назди бино гулҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шуда, саҳни бино чароғон карда шудааст. Дар шафати бинои асосии Раёсати Тоҷикстандарт дар шаҳри Кӯлоб бунёди дигар иншооти дигари ëрирасон дар назар аст.
Дар маросими ба истифода додани бинои мазкур Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб — Азим Иброҳим, Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт ва кормандони ин ниҳод иштирок намуданд.
Раиси вилояти Хатлон ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти озмоишгоҳҳои навтаъсис баҳои баланд дода, истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ва таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии аҳолиро дар ҳамаи самтҳо, муҳим шумориданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон










Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






