Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбекистон бо сатҳи сифатан нав ба роҳ монда мешаванд
ДУШАНБЕ, 29.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмии ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Самарқанд Раиси Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳамтои худ- Раиси палатаи қонунбарории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Нуридин Исмоилов мулоқот намуд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.
Зикр гардид, ки дар муддати кӯтоҳ месазад, ки робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбекистон ба сатҳи сифатан нав боло бароянд ва ҳам дар қолаби дуҷонибаю ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалии парлумонӣ рушд кунанд.
Маҳмадтоир Зокирзода тазаккур дод, ки дар муддати кӯтоҳ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Узбекистон ҳамаи созишномаҳои имзокардаи Сарварони ду кишвар тасвиб шудаанд.
Дар мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҷараёни инкишофи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон бо назардошти манфиатҳои мутақобилан муфид ба роҳ монда шуда, муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ мустаҳкам мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки дар мулоқоти ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон –Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Саидмурод Фаттоҳзода ва Рустам Латифзода иштирок намуданд.
Акс: МН МО ҶТ








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






